Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҳама аз нақшаи 20 моддаии Трамп барои сулҳи Ғазза истиқбол карданд
Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи газашта баъд аз мулоқот бо Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил нақшаи сулҳи 20 моддаии худ барои поёни фаврии ҷанги Ғаззаро нашр кард.
Тибқи гузориши расонаҳо, ин нақша, ки озодии гаравгонҳо, оташбаси фаврӣ ва бозсозии Ғаззаро дар бар мегирад, бо истиқболи Бенямин Нетаняҳу, Иттиҳоди Аврупо, мақомоти Ташкилоти худгардони Фаластин ва кишварҳои арабиву исломӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Бенямин Нетаняҳу, ин нақшаро “дастоварде, ки ҳадафҳои ҷангии моро амалӣ мекунад” номид ва Трамп гуфт, ки “мо хеле ба поёни ҷанг наздикем”.
Бар асоси нақшаи сулҳ Ҳамос бояд ҳама 49 гаравгони исроилиро дар тӯли 40 соат озод кунад ва бар ивази он Исроил 250 маҳбусе, ки ба ҳабси абад маҳкумшудаи фаластиниро озод хоҳад кард. Ҳамчунин, 1700 нафар афроди боздоштшуда дар Ғазза озод хоҳанд шуд.
Тибқи ин нақша идораи муваққатии Ғазза ба дасти ҳукумати нави Фаластин супурда мешавад ва Исроил ҳамаи заминҳои ишғолшударо, ба истиснои минтақаҳои марзӣ, тарк хоҳад кард.
Кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ, аз ҷумла бозсозии зерсохт ба воситаи Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳилоли Аҳмар бидуни дахолати ду тараф оғоз мешавад ва гузаргоҳи Рафаҳ аз ҳар ду ҷониб боз мемонад.
Шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” гузориш дод, ки кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Иморот, Миср ва Урдун ин нақшаро фурсате барои суботи минтақа медонанд ва омодагии худро барои бозсозии Ғазза ва муттаҳид намудани он бо Каронаи Ғарбӣ дар чорчӯби роҳи ҳалли “ду кишварӣ” эълон менамоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”