27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:58, Душанбе
02.10.2025 08:54

Исроил ва Эрон дар остонаи ҷанги нав. Ин бор ҷанг сахттару хашинтар хоҳад буд

Бозгашти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ва нокомии музокироти Эрон бо Амрико ва кишварҳои дигари аврупоӣ гумонзаниҳо дар мавриди оғоз шудани ҷанги дубораи Исроил ва Эронро бештар кардааст.

Нашрияи “Исроил Ҳайом” (“Israel Hayom”)  менависад, ки баъди нокомии музокироти атомӣ ва фаъол гардидани механизми моша ва бозгашти таҳримҳои байналмилалӣ, эҳтимоли ҷанги нав дар миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Исроил бештар гардидааст.

Бар асоси гузориши бархе расонаҳо, ҳарду ҷониб барои оғоз шудани ҷанги нав омодагӣ мебинанд. Расонаҳо гузориш доданд, ки чанд ҳавопаймои низомии борбарии Русия вориди хоки Эрон шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои “Суху 29” –и истеҳсоли Русия ба Эрон таҳвил дода шудааст. Иттилооти расман тасдиқнашуда дар мавриди кумакҳои низомии Чину Русия ба Эрон дар расонаҳо нашр шудаанд.

Аз ҷониби дигар, тайи як ҳафтаи ахир ҳавопаймоҳои сӯхтрасони Амрико вориди Ховари Миёна шудаанд. Фарохони генералҳои бознишастаи Амрико ба Вазорати ҷанг дар ҳафтаи ахир ҳадсеро ба вуҷуд овардааст, ки Амрико шояд ба як ҷанги фарогир омодагӣ мебинад. Ин ки Амрико ба кадом кишвар ҳамла хоҳад кард, мушаххас нест, аммо Исроил ангуштро ба сӯи Эрон дароз карда, афзудааст, ки сарчашмаи шарорат дар Ховари Миёна мавриди ҳамла қарор хоҳад гирифт. 

Лаҳни мақомоти эронӣ низ нисбат ба Амрикову Исроил тағйир хӯрдааст. Онҳо аз муқобилаи бемисл дар хусуси таҷовузи Исроил сухан мегӯянд. Президенти Эрон чанде қабл гуфт, ки “ба зону даровардани Эрон хоб ва хаёл” мебошад.

Ба навиштаи таҳлилгар Дани Ситринонич роҳбарони Эрон бо такя ба таҷрибаи Ҷанги 12-рӯза ба ин натиҷа расидаанд, ки дар даври нав метавонанд дастовардҳои бештар ба даст оранд. Теҳрон, ки ҳамоно роҳи дипломатиро афзалтар медонист, бо таваҷҷуҳ ба мавқеи Ғарб, ки онро талаби таслим мехонад, ҳоло ҷиддитар ба рӯёрӯии низомӣ менигарад.

Гузоришҳо аз озмоишҳои пайвастаи мушакӣ ва тақвияти низоми дифоӣ дар Эрон ҳикоят мекунад. Ҳамзамон, мақомоти расмӣ эълон намуданд, ки агар эҳсос кунанд Исроил ба ҳамла наздик шудааст, аз зарбаи пешдоранда худдорӣ нахоҳанд кард. Теҳрон ҳамчунон бо Маскав ва Пекин барои дастрасии системаҳои пешрафтаи зиддиҳавоӣ дар гуфтугӯ аст.

Ба навиштаи рӯзномаи “Исроил Ҳайом” бартарии асосии Исроил дар ҷанги гузашта “унсури ғофилгирӣ” буд, ки бо ҳимояти густурдаи низомии Амрико, аз ҷумла ҷойгир кардани системаи зиддимушакии ТААД бо арзиши 800 миллион доллар имконпазир гардид. Аммо дар даври нав, эҳтимол меравад шароит барои Тел-Авив чандон мусоид набошад.

Таҳлилгарон мегӯянд, суоли калидӣ ин аст, ки ҷанги нав чӣ натиҷае дар пай хоҳад дошт? Бархе коршиносон мегӯянд, ки ҳатто як маъракаи низомии дигар наметавонад Барномаи атомии Эронро ба таври устувор аз миён барад, зеро донишу захираҳои мавҷуд нигоҳ дошта мешаванд.

Қудрати мушакии Эрон дар Ҷанги 12-рӯза нишон дод, ки Исроил наметавонад дар баробари ҳамлаҳои ғофилгиркунандаи Эрон муқовимат кунад. Системаҳои зиддимушакии Исроил ва Амрико нотавонии худро дар Ҷанги 12 -рӯза нишон додаанд.

Имрӯз нишасти Шурои амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон доир ба мавзуи бозгашти механизми моша доир гашт. Дар хусуси ҷузъиёти он ҳоло ҳич хабаре нест, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки Эрон тадбирҳоеро дар хусуси таҳдидҳои оғози ҳамлаи нави Исроил рӯи даст гирифтааст.

Лаҳни мақомоти расмии Эрон дар муқобили Аврупову Амрико ва Исроил тағйир кард. Дигар ҳарф дар бораи музокира ва гуфтугӯ нест. Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон чанде қабл гуфт, ки музокирот шикаст хӯрд ва ба натиҷа нарасид.

Гурӯҳи муҳофизакорони Эрон, ки дар саҳнаи сиёсӣ ба исми тундравҳо маъруф мебошанд, шиорҳои худро аз ҳар замони дигар бештар дар расонаҳо матраҳ мекунанд. Онҳо аз роҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ хостанд, ки фатвои ҳаром будани сохтани бомбаи атомиро бекор кунад. Бархеи онҳо мегӯянд, агар Исроил ҳамла кунад, дар муддати кӯтоҳ силоҳи атомӣ месозанд ва бо он ба Исроил посух медиҳанд.

Бархе таҳлилгарони низомӣ мегӯянд, ки тавони мушакии Эрон худ бузургтарин неруи боздоранда дар муқобили Исроил ва Амрико мебошад. Шаҳрҳои мушакии Эрон, ки ҳанӯз ба таври ошкоро аз моҳияти он рӯнамоӣ нашудааст, баёнгари он аст, ки ин кишвар аз қудрати фавқулодаи мушакӣ бархурдор мебошад.

Дар ин бурҳаи замонӣ ҷанги Исроил бо Эрон метавонад паёмадҳои бисёр манфӣ на фақат барои Ховари Миёна, балки кулли ҷаҳон дошта бошад. Ин ҷанг метавонад дар як замони кӯтоҳ ба ҷанги фарсоишӣ табдил шавад ва таҷрибаи ҷанги 8-солаи Эрону Ироқ нишон дод, ки мардуми ин кишвар дар муқобили ишғоли хориҷиҳо рӯи хуш нишон намедиҳанд.

Ҳамчунин, дар харитаи ҷаҳон нуқтаи доғ ва пур аз низоъ бештар мешавад. Амрико дар садади сарнагун кардани ҳукумати Венесуэла мебошад. Амрико ба баҳонаи саркӯб кардани қоиқҳои қочоқбарон ба обҳои Венесуэла наздик шудааст. Ҳукумати Венесуэла Амрикоро муттаҳам мекунад, ки дар пайи ишғоли ин кишвар аст. Венесуэла яке аз муттаҳидони Эрон, Русия ва Ҳизбуллоҳу Чин аст. Дар ин шароит ҳанӯз мушаххас нест, ки оё Русия ва Чин аз Венесуэла ҳимоят мекунанд ё на, аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳо боз зарродхонаҳои ин кишварро бо аслиҳа, бахусус бесарнишинҳову мушакҳо пур кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.