Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Намояндагони “Тоҷикстандарт” дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд ширкат карданд
Исломиддин Раҳмон, директори Агентии “Тоҷикстандарт” дар ҳамоиши байналмилалии “Мушкилот ва имкониятҳои CIPM MRA” (Созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи Кумитаи байналмилалии вазну ченак) дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ширкат намуд.
Бино ба иттилои расонаҳо, ҳадафи ҳамоиш баррасии камбудиҳо ва имкониятҳои созишномаи эътирофи мутақобилаи Кумитаи байналмилалии вазну ченак буд.
Дар ҳамоиш директори Бюрои байналмилалии ченаку вазн (BIPM) ва роҳбарону намояндагони ташкилоти метрологӣ, аз ҷумла SIM, EURAMET, COOMET, AFRIMET, APMP ва GULFMET ширкат карданд. Қарор аст, дар нишаст таҷрибаи кишварҳои пешрафта мубодила ва қадамҳои нахустин барои узвият ба Бюрои байналмилалии ченак ва вазн муайян карда шаванд.
Исломиддин Раҳмон афзуд, ки ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ширкат дар ҷаласаву семинарҳои метрологӣ барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва татбиқи он дар Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”