Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат аз хоҷагии ниҳолпарварӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва кишти такрорӣ боздид кард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми сентябр дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз хоҷагии ниҳолпарварӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва заминҳои кишти такрорӣ боздид карданд.
Ин хоҷагӣ дар доираи “Барномаи давлатии кабудизоркунӣ то соли 2040” таъсис ёфтааст ва беш аз 25 ҳазор дарахти гуногун, аз ҷумла секвойя, арча ва магнолия парвариш мешавад.
Дар ҷараёни сафар маҳсулоти кишоварзии деҳқонони Ваҳдат, аз ҷумла сабзавот, полезӣ ва мева ба намоиш гузошта шуд. Ба иттилои мақомоти расмӣ, дар шаҳри Ваҳдат беш аз 19 ҳазор гектар замини кишт мавҷуд аст, ки қисми зиёдаш боғу токзор мебошад.
Сарвари давлат ҳамчунин, аз заминҳои кишти такрорӣ дидан карда, ба деҳқонон барои истифодаи самараноки замин дастуру тавсияҳо доданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад