Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Тоҷикистон ва Туркия мехоҳанд ҳаҷми савдоро то 1 миллиард доллар афзоиш диҳанд
Тоҷикистон ният дорад, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот бо Туркияро то ба 1 миллиард доллар расонад. Дар ин бора муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Ҳоким Холиқзода дар мулоқот бо Вазири меҳнат ва таъминоти иҷтимоии Туркия Ведат Ишикхан дар Душанбе изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, самтҳои асосии ҳамкорӣ саноати нассоҷӣ, коркарди алюминий ва таъсиси корхонаҳои муштарак хоҳанд буд.
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия моҳи октябр дар Душанбе баргузор мегардад.
Дар баробари ин, ду ҷониб ҳамкориҳоро дар бахшҳои сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг, инчунин, идомаи лоиҳаҳои иҷтимоӣ бо дастгирии Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия (TİKA) баррасӣ карданд.
Мувофиқи омори расмӣ, ҳаҷми савдои Тоҷикистон бо Туркия дар моҳҳои январ то август ба 277,4 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,2% бештар аст.
Дар солҳои охир савдои дуҷониба тамоюли афзоиш доштааст: соли 2022 - 351,2 млн доллар, соли 2023 — 363 млн доллар ва соли 2024 — 445,8 млн доллар.
Ведат Ишикхан ҳамчунин, дар ҷаласаи аввали Кумитаи муштараки корӣ ширкат карда, бо ҳамтои тоҷики худ Солеҳа Холмаҳмадзода протоколи ҳамкориро барои солҳои 2026–2027 ба имзо расонид.
Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки аз сафараш ба Душанбе изҳори қаноатмандӣ дорад ва аҳаммияти созишномаҳои имзошударо барои рушди робитаҳои иқтисодӣ таъкид кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”