Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Дар Ваҳдат корхонаи нави истеҳсоли гач ба кор оғоз кард
26-уми сентябр дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли гач ва масолеҳи сохтмонӣ ба истифода дода шуд. Иншоот аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон таҳти роҳбарии Абдулҳафиз Раҳимов сохта шудааст.
Корхона бо иқтидори солонаи як миллион гачкартон ва 50 тонна масолеҳи дигари сохтмонӣ фаъолият мекунад. Дар марҳилаи аввал 40 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд, ки ин шумора метавонад то 100 нафар афзоиш ёбад.
Дар ин корхона дар маҷмуъ 14 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла гачкартон, ғуррагач, ранг ва ширешҳои тобовар ба намӣ истеҳсол мешаванд. Мақомот мегӯянд, ки 75 дарсади ашёи хом аз дохили кишвар дастрас мегардад.
“Зиннат Гач” аз ҷиҳати ҳаҷм яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ваҳдат ба ҳисоб меравад. Таҷҳизоти истифодашуда аз кишварҳои пешрафта оварда шудааст ва имкони истеҳсолотро дар сатҳи ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ фароҳам меорад.
Бино ба арзёбии мақомот, бунёди чунин иншоотҳо ба рушди соҳаи сохтмон, коҳиши вобастагӣ аз воридот ва фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”