27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
25.09.2025 09:50

Рӯзномаи русӣ: Чин омодагии Толибонро барои муқобила бо амалиёти эҳтимолии Амрико месанҷад

Рӯзномаи русии “Независимая газета” дар гузориши нави худ навишт, ки Вазорати дифои гурӯҳи террористии Толибон даъвати ғайриинтизори Пекинро дарёфт кардааст.

Тибқи ин гузориш Чин аз Муҳаммад Яъқуб иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои гурӯҳи террористии Толибон хостааст ба зудӣ ба Пекин сафар кунад.

Ба гуфтаи Андрей Сиренко, муаллифи гузориш, ин даъват эҳтимол ба изҳороти ахири Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рабт дошта бошад. Трамп гуфта буд, ки ният дорад Пойгоҳи ҳавоии Багром дар вилояти Парвони Афғонистонро дубора зери назорати Вашингтон қарор диҳад.

Сарчашмаҳое аз Афғонистон, ки бо намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот доштанд, ба “Независимия газета” хабар додаанд, ки стратегияҳои нави Доналд Трамп нисбат ба Афғонистон ба интихоботи миёнамуҳлати Конгресси Амрико иртибот дорад. Ба гуфтаи онҳо, Трамп мехоҳад то пеш аз интихобот як пирӯзии рамзиро дар Афғонистон ба даст орад. Боло бурдани дубораи парчами Амрико дар Багром меҳвари асосии ин нақша арзёбӣ шудааст.

Гузориш меафзояд, ки фиристодагони Амрико чанд моҳ боз бо роҳбарони Толибон ва сиёсатмадорони муҳоҷири афғон дар иртибот қарор доранд. Гуфта мешавад, бархе аз мусъулони Толибон аз ин нақша ҳимоят кардаанд, аммо роҳбарияти гурӯҳ, бахусус Ҳайбатуллоҳ Охундзода ба бозгашти амрикоиҳо мухолиф аст.

Ҳамчунин, “Независимая газета” менависад, ки Вашингтон дар баробари гуфтушунидҳо барои як амалиёти вижаи низомӣ дар Афғонистон низ омодагӣ мебинад. Ҳатто эҳтимоли истифодаи ҳазорон сарбози амрикоӣ ва шумори зиёди низомиёни пешини Афғонистон, ки дар хориҷ иқомат доранд, матраҳ шудааст.

Бар асоси ин гузориш Пекин мехоҳад бо даъвати Мулло Яъқуб қудрати воқеии неруҳои Толибон ва иродаи онҳо барои муқобила бо як амалиёти эҳтимолии Амрикоро арзёбӣ кунад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз маълум нест, ки оё роҳбари Толибон ба сафари Яъқуб ба Чин ризоият хоҳад дод ё на.

“Независимия газета” яке аз аввалин расонаҳои мустақил баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ буда, бо роҳбарии рӯзноманигори рус Виталий Третяков ба нашр мерасад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.