27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
24.09.2025 11:22

Эмомалӣ Раҳмон дар СММ: “Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу рушди устувор ва ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ аст”

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда, ҳама кишварҳои узвро ба муносибати 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милал самимона табрик намуданд.

Дар ҷараёни суханронии худ Сарвари кишвари Тоҷикистон ба ҳолати ноустувориву номуайянӣ дар ҷаҳон, ихтилофоти геосиёсӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногун ва хатарҳои амниятӣ таъкид карда, нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният бештар аз пеш муҳим арзёбӣ карданд.

Сарвари Тоҷикистон ҳамчунин, зарурати ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ, тақвияти ҳамкории баробарҳуқуқи давлатҳои хурду бузург ва ҳимоят аз стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бо Ҳадафи рушди устуворро таъкид карданд.

Роҳбари кишвар ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ва оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷулма обхезӣ, хушксолиҳо ва хокборишҳо ишора карда, зарурати чораҷӯӣ ва маблағгузории устувор барои кишварҳои осебпазирро хотиррасон карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, ба масъалаҳои об, дипломатияи об ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таваҷҷуҳ карда, кишварҳои узвро ба ширкати фаъол дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Раванди оби Душанбе”, ки соли оянда дар Тоҷикистон доир мешавад, даъват намуданд.

Президенти кишвар ба аҳамияти институтҳои қавӣ ва маърифати ҳуқуқӣ дар таҳкими ҷомеаи устувор таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки Маҷмаи Умумии СММ Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро баррасӣ кунад.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон ба нақши технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, ҳамчунин, зарурати амнияти киберӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир таъкид намуданд.

Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи усулиии кишвари худро дар масъалаи Фаластин, зарурати сулҳи пойдор дар Ховари Миёна бо риояи формулаи “ду кишвар”, ҳамчунин, таъмини сулҳу амният ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Афғонистон маълум намуданд.

Дар поёни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ислоҳоти низоми СММ, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар заминаи сулҳ ва рушди устувор ва барои ҳамкориҳои муштарак бо кишварҳои шарик ва тамоми кишварҳои узви СММ мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.