27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
23.09.2025 11:07

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Антониу Гутерриш мулоқот намуданд

Дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот анҷом доданд.

Дар ин мулоқот доир ба татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор,  ташаббуси “Созмони Милали Муттаҳид-2.0”, Диди Дабири кул оид ба низоми муосири Созмони Милал ва ислоҳоти фарогири он тибқи барномаи “Созмони Милали Муттаҳид-80”, ташаббуси Дабири кулл оид ба “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама” ва иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Бо таассуф зикр шуд, то соли 2030 фақт 35 фоизи Ҳадафҳои рушди устувор татбиқ мегарданд. Пешвои миллат истифодаи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъиро барои дастрасӣ ба ин ҳадафҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин, масъалаи омодагӣ ба конфронсҳои оби Созмони Милал - 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ғайр аз ин, зарурати тақвияти ҳамкорӣ барои бартарафсозии таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва ҷустуҷӯи роҳҳои сиёсию дипломатӣ барои ҳалли онҳо таъкид шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.