Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Португалия дар Ню-Йорк
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Президенти Португалия Марселу Ребелу де Соуза мулоқот анҷом дод. Суҳбат дар фазои дӯстона ва бо таваҷҷуҳи хоса ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди равобит бо Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ мекунад ва дар баробари ин, ҷонибдори густариши робитаҳои мустақими миёни ду кишвар низ мебошад. Ӯ афзуд, ки ҳамгироии иқтисодиву сиёсӣ бо кишварҳои аврупоӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба афзоиши муколамаҳои сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, такмили заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон равона шуд. Ҷонибҳо бар ин назаранд, ки имконоти васеъ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол пурра истифода нашудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба сарчашмаҳои фаровони энергияи сабз, маъданҳои нодир ва захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки истифодаи ин имконот дар якҷоягӣ бо сармоя ва технологияи пешрафтаи Португалия метавонад ба нафъи ҳарду кишвар бошад.
Ҳамзамон, ҳамкорӣ дар соҳаи башарӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва табодули устодону донишҷӯён яке аз самтҳои умедбахш номида шуд. Ҷонибҳо бо ишора ба аҳамияти робитаҳои байнифарҳангӣ ва илмию таълимӣ таъкид намуданд, ки онҳо метавонанд ба таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар мусоидат кунанд.
Гуфтугӯ ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва масъалаҳои муҳим, ба мисли тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об ва пуштибонӣ аз сулҳу сбот дар ҷаҳони имрӯзро фаро гирифт.
Ба гуфтаи таҳлилгарони сиёсӣ мулоқоти мазкур на фақат як қадами рамзӣ, балки як имкони воқеӣ барои пайвастани Тоҷикистон ба шабакаҳои нави ҳамкории аврупоӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон ба имкониятҳои то ҳол камтаршинохтаи кишвар ба ҳисоб меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад