Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Рӯзномаи британиягӣ: “Инзивои байналмилалии Исроил ҳар рӯз бештар мешавад”
Як рӯзномаи британиягӣ навишт, ки бо идома ёфтани ҷиноятҳои наслкушӣ бар зидди мардуми Ғазза инзивои байналмилалии Исроил бештар мешавад.
Рӯзномаи британиягии “Файненшл таймс” (“Financial Times”) бо ишора ба густариши мавҷи нафрати ҷаҳонӣ аз исроилиҳо баъди фош шудани ҷиноятҳои наслкушӣ бар зидди Ғазза таъкид кард, ки талабот ба таҳримҳои бисёрҷонибаи Исроил рӯз ба рӯз бештар мегардад ва ин режими ишғолгар ҳарчӣ бештар дар инзиво қарор мегирад.
Дар пайи маъракаҳои умумихалқии ҷаҳонӣ, баъд аз ҷанги Ғазза, ки бо ҳадафи таҳрим ва фишор овардан ба режими Исроил барои қатъи ҷанги наслкушӣ ва гуруснагӣ бар зидди мардуми Ғазза роҳандозӣ шудаанд, рӯзномаи “Файненшл таймс”дар гузориши худ навишт, ки талабот ба таҳрими Исроил дар арсаҳои варзишӣ, ҳунарӣ ва донишгоҳӣ ба таври чашмгир афзудааст.
Хашми ҷаҳонӣ аз ҷанги дусолаи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ӯро барои ҷиноятҳои ҷангӣ мавриди пайгард қарор додааст, ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.
Ин расонаи британиягӣ гузориш дод, ки дар маркази Ню-Йорк бисёре аз мардум аз дидани билборди бузург дар майдони Таймс, ки Исроилро ба наслкушӣ дар Ғазза муттаҳам мекард, ҳайратзада шудаанд. Дар Лондон низ даҳҳо ҳунарманд ва навозанда, аз ҷумла Ҷеймс Блейк ва гурӯҳи Паланги сурх, бо ситораҳои Ҳолливвуд, ба мисли Ричард Гир барои доир кардани консерт таҳти номи “Бо ҳам барои Фаластин” ҷамъ омада буданд.
“Футболбози маъруфи бознишаста Эрик Кантона низ хостори таҳрими дастаҳои Исроил шуд, Исроилро ба режими апартеиди Африқои Ҷанубӣ дар гузашта монанд кард. Эътирозҳо бар зидди Исроил ба варзишгарҳои Аврупо низ кашонда шудаанд. Мухлисони дастаи “Галатсарой” – и Туркия шиорҳои “Фаластинро озод кунед” –ро барафрохтанд. Иттиҳоди мураббиёни футболи Италия низ хостори боз доштани ширкати Исроил дар мусобиқаҳои байналмилалӣ шудааст”- навишт рӯзномаи “Файненшл таймс”.
Сарвазири Испания Педро Санчес баъди он ки эътирозҳои мардумӣ дастаи “Примертич” –ро водор ба канорагирӣ аз марҳилаи ниҳоии мусобиқаи велосипедронӣ дар Испания кардаанд, хостори манъи ҳузури ҳама дастаҳои исроилӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ гардид. Ин иқдом бахше аз маъракаи “Бозии Исроил ба поён расид” аст.
Ба гуфтаи таҳлилгарон ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз шоҳиди як нуқтаи таърихист, ки дар он талабот ба таҳримҳои Исроил дар пойтахтҳои Ғарбӣ, ҳунармадони байналмилалӣ то роҳбарони кишварҳое ба мисли Колумбия ва Испания, ба як амри одӣ табдил ёфтааст.
“Маъракаҳои таҳрим фақат ба варзиш маҳдуд намешаванд. Беш аз 4500 ҳунарманд ва коргардон эъломияеро имзо намуданд, ки мувофиқи он бо муассисаҳои филмсозии Исроил ҳамкорӣ нахоҳанд кард. Бозигари маъруфи испаниягӣ Хавиер Баржем дар рӯи фарши сурх рӯймоли фаластинӣ пӯшид ва бозигари аврупоӣ Ҳанна Инненбайдер суханронии худро бо шиори “Фаластинро озод кунед” поён дод.
Ирландия, Испания, Голландия ва Словения ҳушдор додаанд, ки агар Исроил дар мусобиқаи суруди “Евровидение” ширкат кунад, онро таҳрим хоҳанд кард. Ҳамчунин, донишгоҳҳои Италия, Ирландия ва Голландия ҳамкории худро бо муассисаҳои илмии Исроил қатъ кардаанд.
“Ҳарчанд мақомоти исроилӣ пайваста иттиҳоми наслкуширо рад мекунанд, аммо воқеият ин аст, ки ин режим бо инзивои фазояндаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ аст. Бисёре аз кишварҳо фурӯши силоҳ ба Исроилро боз доштаанд ва таҳлилгарони исроилӣ ҳушдор медиҳанд, ки “давлати яҳуд” дар олами имрӯз ба ҳошия ронда шуда, дар остонаи суқут қарор дорад.
Тибқи ин гузориш, ҳамон тавре, ки фишорҳои мардумӣ дар давраи апартеиди Африқои Ҷанубӣ ба як лаҳзаи сарнавиштсоз расидаанд, имрӯз низ афзоиши эътирозҳо метавонад ояндаи низои Фаластин ва Исроилро тағйир диҳад ва Исроилро ба озмоише рӯ ба рӯ кунад, ки як замон режими апартеид онро таҷриба карда буд.
Фишорҳо бар ҳукумати Бенямин Нетаняҳу афзоиш меёбад. Бо оғози амалиёти заминии артиши Исроил бисёре аз созмон ва кишварҳо, аз ҷумла СММ иқдомҳои артиши Исроилро наслкушӣ тавсиф намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”