Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
“Ҳалқа барои Амрико дар Ховари Миёна тангтар мешавад”. Кишварҳои араб ба дунболи пуштибонҳои наванд
Ҳамлаи ахири Исроил ба шаҳри Давҳаи Қатар низоми амниятӣ ва геополитикии Ховари Миёнаро тағйир дод. Паёмади нахустини ин тағйир имзои паймони роҳбурдии Покистон бо Арабистони Саудист. Ин паймон ҳарду кишварро уҳдадор мекунад, ки дар сурати ҳамла ба яке аз ин кишварҳо, муттаҳидона амал кунанд.
Кишварҳои ҳавзаи Ховари Миёна, бахусус Миср, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувейт, Баҳрайн, Урдун, Лубнон ва Ироқ баъди ин ҳодиса ба паймонҳои низомие, ки бо Амрико баста буданд, шак намуда, дар пайи бозбинии ҳамкориҳои низомӣ ва шарикони геополитикии худанд.
Миср дар як иқдоми бесобиқа пешниҳод кард, ки кишварҳои ҳавзаи Ховари Миёна бо ҳам муттаҳид шуда, артиши муштарак ташкил намоянд, то дар муқобили таҳдидҳои билқувва аз ин минтақа муттаҳидона дифоъ кунанд.
Ин нигаронӣ ва роҳкорҳои нави низомӣ пас аз ҳамлаи Исроил ба Қатар аз забони мақомоти кишварҳои арабӣ бештар садо медиҳад. Мардуми ин минтақа низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз нотавонии кишварҳои арабӣ аз истифодаи аслиҳаи амрикоӣ дар ҳолати таҳдидҳои билқувва танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои араб бо вуҷуди доштани силоҳ ва таҷҳизоти низомии пешрафта, бидуни иҷозати Амрико ҳаққи истифода аз онро надоранд. Калиди ҳамаи ин таҷҳизотҳо дар дасти Амрико аст ва Амрико дар мавриди Исроил бисёр ҳассос мебошад.
Исроил кишварест, ки аз оғози таъсис шуданаш бо усули ҷанг ва ҳамла ба кишварҳои хориҷӣ қудрати низомӣ ва сиёсияшро сохтааст. Бо ин далел, вуҷуди Исроил ҳамеша барои кишврҳои арабӣ ба ҳайси манбаи таҳдиди амниятӣ таъриф шудааст.
Исроил бар иловаи ин, аз қудрати дипломатии фавқулодаи байналмилалӣ бархӯрдор аст. Ҳалқаи бузурги олигархҳои исроилӣ, ки мудирияти низоми ҷаҳониро дар ихтиёр доранд, дар сиёсатгузории ҳукуматҳои Амрико, Аврупо ва ҳатто Русия таъсири фавқулода доранд.
Роҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар тасмимгириҳои худ ҳусни нияти фавқулода нисбат ба Исроил нишон медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки аз ин кишвар дар равандаҳои байналмилалӣ беқайду шарт ҳимоят кунанд. Амрико, муттаҳиди аслии Исроил, яке аз роҳбарони аслӣ дар шакл гирифтани чунин дипломатия дар сатҳи ҷаҳон аст. Бинобар ин, ҳар шахсе, ки дар Амрико ба сари мансаби президентӣ ояд, талош мекунад, ки ҳусни нияти худ нисбат ба Исроилро бо шиору барнома ва ҳимоятҳои беқайду шарти моливу низомӣ собит кунад.
Доналд Трамп, ки бо нигоҳи “Ховари Миёна меҳвар” ба маснади президентӣ расид, бар хилофи шиорҳои интихоботиаш ин минтақаро вориди буҳрон ва ҷангҳои бепоён кард. Ӯ лаҷоми Исроилро сар дод ва бо қотеъият аз иқдомҳои режими Исроил ҳимоят кард. Ҳимояти Доналд Трамп аз ҳукумати феълии Бенямин Нетаняҳу то он ҷое пеш рафт, ки бо шарикон ва муттаҳидони аслии Амрико дар сати ҷаҳон низ вориди низоъ шуд.
Трамп гарчи аз ҳамлаи Исроил ба Қатар изҳори нигаронӣ намуд, аммо баъдан собит шуд, ки розигии худро дар мавриди ҳамла ба Қатар ба Исроил додааст.
Ҳамлаи Исроил ба Қатар оғози фурӯрезии “девори эътимод” –и миёни кишварҳои араб ва Амрико аст, зеро ин ҳодиса нишон дод, Амрико бар хилофи уҳдадориҳо ва аҳдномаҳое, ки дорад, дар дифоъ аз ин кишварҳо ҳич иқдом анҷом намедиҳад. Чунин сиёсат бори аввал нест, ки рӯй медиҳад. Ҳамлаи ҳусиҳои Яман ба полоишгоҳи нафти Арабистони Саудӣ дар солҳои 2014-2015 собит сохт, ки Амрико дар дифоъ аз муттаҳидонаш қотеъона амал намекунад. Арабистони Саудӣ дар ҷанг бо ҳусиҳои Яман ноком шуд ва билохира водор ба ин шуд, ки аз ҷанг бо ҳусиҳои Яман худдорӣ карда, бо онҳо оташбас кунад.
Дар пайи ҳамлаи Исроил ба Қатар 57 кишвари арабӣ-исломӣ дар Қатар гирди ҳам омаданд. Роҳбарони ҷаҳони араб ва ислом ҳамлаи Исроилро маҳкум карда, онро нақзи ҳокимияти Қатар номиданд. Дар охир баёнияе содир шуд ва дар он кишварҳо бо калимот ҳамларо маҳкум намуданд. Ҳич роҳкори амалӣ дар баробари таҳдидҳои Исроил дар ин нишаст ироа нашуд.
Амири Қатар ҳамлаи Исроилро маҳкум карда, таъкид намуд, ки ҳатман ба ҳамлаи буздилонаи Исроил посух хоҳад дод. Хеле аз коршиносон ба ин боваранд, ки чунин ҳарфҳо фақат барои ҳушдор ва умед бахшидан ба мардуми худ аст. Зеро, Қатар бидуни иҷозаи Амрико наметавонад дар муқобили Исроил иқдом кунад.
Ҳамлаи Исроил ба Қатар на фақат “девори амниятӣ” –ро фурӯ рехт, балки боиси ба вуҷуд омадани ноумедӣ дар миёни кишварҳое шуд, ки чандин даҳа боз чашми умед ба Амрико доранд ва тасаввур мекунанд, ки дар ҳолатҳои фавқулода Амрико ба наҷоташон меояд.
То ҳоло таҳлилҳои гуногун дар расонаҳои арабӣ дар хусуси ҳамлаи ахири Исроил нашр шудааст. Баъзе аз коршиносони араб ҳушдор медиҳанд, ки Исроил фақат бо Ғаззаву Лубнон ва Сурияву Эрон иктифо нахоҳад кард. Онҳо бар ин боваранд, ки Бенямин Нетаняҳу ба дунболи бузург намудани сарзаминҳои яҳуд аст. Исроил ба дунболи эҷоди Исроили бузург аст ва амалиётҳои ахири Исроил ба баҳонаи саркӯби ҳамос аз ин ормон сарчашма мегирад.
Мақомоти амниятии Ироқ чанде қабл ҳушдор доданд, ки ҳадафи баъдии Исроил Ироқ аст. Онҳо иддао мекунанд, ба иттилооте даст ётаанд, ки Исроил қасди ҳамла ба Ироқро дорад. Мақомоти Исроил борҳо Ироқро муттаҳам ба ҳимоят аз Эрон ва дигар неруҳои низомии минтақа кардаанд. Исроил борҳо дар Ироқ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст. Мақомоти Ироқ гуфтаанд, ки ин бор Исроил дар фикри боз кардани як ҷабҳаи ҷанги ҷадид дар дохили хоки Ироқ аст.
Таҳлилгарон ҳамлаи Исроил ба Қатарро чунин маънидод мекунанд, ки ин ҳодиса фурсати дипломатӣ ва геополитикии бебозгаштро барои Эрон фароҳам кардааст. Ба бовари онон, ҳоло кишварҳои арабӣ, бахусус Миср, Арабистони Саудӣ ва Қатару Урдун беш аз ҳар вақти дигар ниёзи наздик шудан ба Эронро доранд. Ба иборати дигар, ин ҳодиса муодилоти дипломатиро тағйир дод. Ҷанги 12-рӯзаи Эрону Исроил, ки бо таҷҳизоти комилан бумӣ созмондиҳӣ шуд ва Исроилро водор ба оташбас кард, ба ин кишварҳо умед мебахшад. Аз сӯи дигар, ин ҳодиса кишварҳои арабиро водор месозад, ки дар заминаи ҳамкориҳои амниятӣ тавозунро тағйир дода, ба сӯйи Чин ва Русия тамоюл пайдо кунанд.
Сафари ахири Алӣ Лориҷонӣ, раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Арабистони Саудӣ дар замоне, ки таҳдидҳои Исроил ҷиддитар мешавад, паёмади тағйирро дар пай дорад. Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки дар гузашта чун рақиби ҳамдигар қудратнамоӣ мекарданд, ҳоло дарвозаи ҳамкориҳои низомӣ-амниятиро ба рӯи якдигар боз кардаанд.
Рӯйкарди таҷовузкронаи Исроил дар Сурия низ боиси нигаронии ҷиддии кишварҳои арабӣ мебошад. Пас аз ин ки ҳукумати Башор Асад суқут кард, Исроил қисматҳои ҳаммарз бо Сурияро тасарруф кард. Яъне талошҳои дипломатии ҳукумати нави Сурия натиҷае надоштааст.
Исроил, ки солҳои қабл баландиҳои Ҷулонро ишғол намуда буд, на фақат ба он иктифо накард, балки вориди минтақаҳои ҳаммарз бо Исроил шуд. Ҳоло минтақаи Сувайдои Сурия, ки ҳаммарз бо Исроил аст, дар зери назорати амниятии неруҳои исроилӣ қарор дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳукумати ҷадиди Сурия талошҳои фаровоне анҷом дод, то Исроилро водор ба ақибнишинӣ кунад. Вале ин талошҳо дар пай натиҷа надоштааст.
Дар моҳҳои ахир мақомоти Сурия бо мақомоти Русия музокира мекунанд, то дубора неруҳои низомии ин кишвар ба Сурия баргардад. Роҳбари Сурия мехоҳад бо ин роҳ, яъне бо зӯри низомии Русия Исроилро аз хоки Сурия берун кунад. Бо ин мақсад роҳбари Сурия аз Русия хостааст, ки дубора низомиҳои худро дар ин кишвар мустақар кунад.
Ҳамкориҳои низомии бархе кишварҳои арабӣ бо Русия аллакай оғоз шудааст. Дар ин ҳафта, Сергей Шойгу, котиби Шурои амнияти Федератсияи Русия ба Ироқ сафар намуда, ваъда дод, ки дар бахши амният бо неруҳои низомии ин кишвар, аз ҷумла гурӯҳи Ҳашдушаъбӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.
Гузоришҳо дар мавриди оғози ҳамкориҳои низомии Чин ба бархе кишварҳои арабӣ низ нашр шудааст. Дар ин росто, Миср дар талош аст, ки бо барқарор намудани равобити низомӣ аз Чин таҷҳизоти мавриди ниёзи артишашро таъмин кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”