27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
19.09.2025 14:36

Созиши роҳбурдии Арабистони Саудӣ бо Покистон. Ҳамла ба яке, ҳамла ба ҳарду шумурда мешавад

Муҳаммад ибни Салмон, Валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯзи чоршанбе дар шаҳри Риёз созишномаи роҳбурдӣ оид ба дифои дуҷонибаро имзо намуданд. Тибқи ин созишнома ҳар гуна ҳамла ба яке аз ин ду кишвар ҳамла ба дигаре арзёбӣ мешавад.

Имзои ин созишнома нишондиҳандаи он аст, ки Арабистони Саудӣ мехоҳад муттаҳидони амниятиашро гуногунсозӣ кунад.

Ин созишнома бо як кишвари дорои қудрати атомӣ дар ҳоле имзо мешавад, ки дар гузашта кишварҳои Халиҷи Форс одатан ба ҳамкории амниятӣ бо Амрико такя мекарданд. Ба назар мерасад, баъди ҳамлаи Исроил ба Қатар ин муодила тағйир ёфтааст.

Як мақоми ҳукумати Арабистони Саудӣ ба рӯзномаи “Financial Times” гуфт: “Умедворем, ки ин созиш қувваи пешгирикунандаи моро тақвият мебахшад, зеро ҳар гуна таҷовуз ба яке, таҷовуз ба дигаре шумурда мешавад. Ин як созишномаи пурраи дифоист ва вобаста ба навъи таҳдид, аз ҳамаи воситаҳои зарурии дифоӣ ва низомӣ истифода хоҳад шуд”.

Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфт, ки ин созишнома бо такя ба чанд даҳсолаи ҳамкориҳои таърихӣ ва ҳамбастагии исломӣ бо манфиатҳои стратегӣ ва ҳамкории наздики дифоӣ миёни ду кишвар имзо шудааст.

“Ин созишнома ифодаи уҳдадориҳои муштараки ду миллат барои тақвияти амният ва расидан ба сулҳ дар минтақаву ҷаҳон аст. Ҳамчунин, ҳадафи ин созиш густариши ҳамкориҳои дифоӣ ва тақвияти қудрати пешгирикунандаи муштарак дар муқобили ҳар гуна таҷовуз аст”- зикр кардааст Вазорати корҳои хориҷии Покистон.

Ин паймон дар ҳоле имзо мешавад, ки танишҳо дар минтақа баъд аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба пойтахти Қатар, ки боиси марги шаш нафар шуд, афзоиш ёфтааст.

“Мо беш аз як сол аст, ки ба ин масъала машғулем ва ин натиҷаи гуфтугӯҳои аз ду то сесола мебошад”- таъкид кардааст як мақоми Саудӣ ба “Financial Times”

Рӯзи чоршанбе Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон ҳамроҳ бо Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар барои имзои созишнома ба Риёз сафар карданд. Покистон равобити наздик бо Арабистони Саудӣ дорад. Риёз яке аз ҳомиёни асосии иқтисодии Покистон аст.

Баъди имзои созишнома Зулмай Халилзод, собиқ сафири Амрико дар Афғонистон суолҳоеро матраҳ кард. Ӯ пурсид, ки оё ин созиш дар посух ба ҳамлаи Исроил ба Қатар сурат гирифтааст? Ҳамчунин, ӯ дар хусуси муҳтавои пинҳони созиш - оё ин нишон медиҳад, ки Арабистони Саудӣ ва шариконаш ба ҳамкории дифоӣ бо Амрико бовар надоранд, суол гузошт.

Вобаста ба ин як мақоми Саудӣ ба Рейтерз гуфт, ки имзои созишнома посух ба ҳич рӯйдод ё кишвар нест. Ҳадафи он густариши робитаҳои амиқи миёни ду кишвар мебошад. Зулмай Халилзод ҳамчунин,  масъалаи боз шудани чатри атомии Покистон барои Арабистони Саудиро матраҳ кард. Ӯ ҳушдор дод, Покистон силоҳ ва мушакҳоеро дорад, ки метавонанд ҳамаи Шарқи Миёна ва Исроилро ҳадаф қарор диҳанд. Зулмай Халилзод афзуд, ин кишвар низ системаҳое таҳия мекунад, ки метавонанд ҳадафҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мавриди ҳадаф қарор диҳанд.

Аммо то ба ҳол ҷузъиёти пурраи созишнома аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва Покистон эълон нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.