27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
19.09.2025 11:17

“Бо ҳам барои Фаластин”. Даҳҳо чеҳраи машҳури британиягӣ барои ҷамъоварии кумаки молӣ ба саҳна омаданд

Дар ҳоле, ки артиши Исроил бо бераҳмии махсус амалиёти заминиро дар Ғазза оғоз намуда, ҳама роҳҳои расондани кумакҳои башардӯстонаро бастааст, дар Британияи Кабир ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳунармандон барои кумак ба мардуми ранҷкашидаи Фаластин ҳамоиши гирдоварии кумакҳоро роҳандозӣ намуданд.

Даҳҳо чеҳраи маъруф дар Лондон барои ҷамъоварии кумакҳои молӣ дар доираи барномаи “Бо ҳам барои Фаластин” ширкат намуда, ба саҳна омаданд.

Ба гузориши “CNN” рӯзи чоршанбе даҳҳо навозанда, ҳунарпеша, фаъол ва суханрон дар бузургтарин варзишгоҳи Лондон саҳнаро пур намуданд, то дар як консерт барои ҷамъоварии кумак ба мардуми Фаластин, ки дар маърази наслкушӣ қарор доранд, маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Ин ҷамъомад таҳти унвони “Бо ҳам барои Фаластин” гурӯҳе аз ситораҳоро ба варзишгоҳи “Уэмблӣ” гирди ҳам овард. Дар он ҳунарнамоии гурӯҳҳо ва ҳунармандоне чун “Бастил”, Ҷеймс Блейк, Палома Фейт, Ҷейми ХХ в Пинк Пантерз, ҳамчунин, ҳунармандони фаластинӣ, ба мисли Сама Абдулҳодӣ, Сен Леван ва Элиана баргузор шуд.

Ҳунармандони маъруф, мисли Флоренс Пю, Ричард Гир, Никола Каффлан ва Бенедикт Камбербэтч ва чеҳраҳои дигар, чун Меҳдӣ Ҳасан, Эрик Кантона ва Франческа Албанез низ ба шакли ҳузурӣ ва онлайн суханронӣ намуданд.

Ин барномаи хайрияро ҳунарманди Британия Брайан Ино ташкил намудааст, ки худ низ ҳунарнамоӣ дошт. Ӯ дар рӯзномаи “Гардиан” навишта буд, ки як сол бо гурӯҳи дигар барои баргузор кардани ин чорабинӣ талош кардаанд.

“Ҳатто пайдо намудани макони баргузорӣ душвор буд. Фақат зикри калимаи “Фаластин” қариб сабаби рад мешуд. Аммо дар моҳҳои охир чизе тағйир кард: Уэмблӣ созишнома имзо кард, YouTube ниҳоят бо нашри ин рӯйдод розӣ шуд ва муҳимтар аз ҳама – ҳунармандон пазируфтанд, ки ширкат кунанд”- навишт Ино.

Малик Маттар, ҳунарманди фаластинӣ, дар канори тарроҳи саҳнаи маъруф Эс Девлин саҳнаро омода кард. Ба навиштаи «Vogue» саҳна асарҳои 8 ҳунарманди фаластиниро дар бар дошт, ки аз сӯйи режими Исроил кушта шудаанд.

Ин барнома дар ҳолест, ки хашми ҷаҳонӣ аз ҷанги режими Исроил бар зидди Ғазза, ки ба гуфтаи Вазорати тандурустии Фаластин боиси кушта шудани наздик ба 65 ҳазор фаластинӣ шуд, афзудааст. Рӯзи сешанбе таҳқиқоти мустақили Созмони Милали Муттаҳид бори аввал расман эълон кард, ки режими Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ задааст.

Ҳамон рӯз, режими Исроил эълон кард, ки ҳамлаи заминиро ба шаҳри Ғазза оғоз мекунад ва маҳкумияти байналмилалӣ ва ҳушдорҳо дар хусуси шиддат гирифтани буҳрони башардӯстонаро нодида гирифт. Дар бархе қисматҳои Ғазза расман ҳолати қаҳтӣ эълон шудааст.

Бенедикт Камбербэтч ба саҳна барои хондани шеъри “Дар ин сарзамин сабабҳое барои зиндагӣ вуҷуд дорад” аз Маҳмуд Дарвеш (шоири фаластинӣ) баромад ва бо ҳамроҳии намоишноманавис Умар Ҳалҳол онро қироат кард.

Эрик Кантона футболбоз ва ҳунарпешаи маъруфи фаронсавӣ, аз ФИФА ва УЕФА хост, ки режими Исроилро мутаваққиф кунанд ва меъёрҳои дугонаеро маҳкум кард, ки ба онҳо иҷозаи рақобат медиҳанд. Ӯ гуфт: “Чор рӯз баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина, ФИФА ва УЕФА Русияро таҳрим намуданд. Ҳоло 716 рӯз аз он чи Афви байналмилалӣ “наслкушӣ” номид, гузаштааст, вале режими Исроил ҳанӯз дар ФИФА ҳузур дорад”.

Дар консерт Палома Фейт бо либосе аз матои куфия – рамзи ҳувияти фаластинӣ, ҳунарнамоӣ кард ва Брайан Ино шеъри “Эй кӯдакони Ғазза”-и Холид Ҷумъа, нависандаи фаластиниро қироат намуд.

Бисёре аз суханварон ҳунармандони дигарро барои сукут дар баробари ранҷи пайвастаи фаластиниён интиқод намуданд.

Даромад аз фурӯши билетҳо, ки шаби чоршанбе ҳамааш ба фурӯш рафт, ба воситаи созмони британиягии “Choose Love” ба гурӯҳҳои фаластинӣ бахшида шуд. Аз ҷумла, Фонди кумак ба кӯдакони Фаластин, Ҷамъияти ёрии тиббии Фаластин ва Таавун”.

Ба гузориши “Гардиан” то соати 10-и шаб ба вақти маҳаллӣ Ҷамила Ҷамил ҳунарпеша ва фаъоли иҷтимоӣ эълон кард, ки  аз ин консерт 1, 5 миллион фунт ҷамъоварӣ кардааст.

Қабл аз ин консерт даҳҳо чеҳраи маъруф, ба мисли Билли Айлиш, Киллиаан Мёрфи ва Хоакин Феникс дар як навори видеоӣ ширкат намуда, хостори оташбас дар Ғазза шуданд.

Флоренс Пю, ҳунарпеша, ки онлайн ҳузур дошт, гуфт: “Сукут дар баробари чунин ранҷ бетарафӣ нест, ҳамдастӣ аст. Ҳамдастӣ набояд то ин ҳад душвор бошад ва ҳич гоҳ набояд душвор мешуд”.

Никола Коклан, ҳунарпеша, аз ҳамкорони хомӯши худ интиқод намуда, афзуд: “Ҳунармадони зиёде ҳастанд, ки ман дӯсташон медорам ва медонам шумо низ дӯсташон доред, ки садҳо миллион пайрав доранд, аммо ҳоло чизе намегӯянд”.

Брайан Кокс, ҳунарпешаи шотландӣ, дар ҳамин навор гуфт: “Мо бояд ҳақиқатро аз ҷониби мардуми Фаластин гӯем”.

Ҳаҷвнигори британиягӣ Ғазхон, ки ба ҳайси иҷрогари консерт муаррифӣ шуд, дар изҳороти худ гуфт: “Вақте мебинед, кӯдакони Ғазза ба ҷойи китоб бо бомба рӯ ба рӯ мешаванд, мефаҳмед, ки ин чизро наметавон одӣ шумурд. Сукут имконот нест. Аз ҳамин сабаб, ин консерт аҳамият дорад. “Бо ҳам барои Фаластин” дар хусуси ҳамбастагӣ, муҳаббат ва ин аст, ки мо шуморо мебинем ва дар паҳлӯи шумо истодаем”.

Майкл Розен, нависанда, шоир, барномасоз ва фаъол гуфт: “Мо медонем, ки роҳбарони кишварҳои мо дар қатли омми ғайринизомиён дар Ғазза ва Каронаи Ғарбӣ ҳамдастӣ доранд”.

Абдулҳодӣ ДҶ-и фаластинӣ, ки баъдан бо Ҷейми ХХ ҳунарнамоӣ кард, гуфт: “Ҳар кас абзоре дорад. Абзори ман саҳна аст. Ман онро дар Уэмблӣ барои баланд кардани садои фаластиниён ва фароҳам намудани фазои ғам, ҳамбастагӣ ва қуввати нав истифода мекунам. Барои Фаластини озод”.

Нан Голдин, суратгир ва фаъоли амрикоӣ гуфт: “Нақши ҳунарманд ҳамеша ин будааст, ки сухан гӯяд, хитоб кунад ва ҳақиқатро ба қудрат бигӯяд”.

Стив Куган, ҳунарпеша ва коргардон гуфт: “Муҳим аст, ки ҳоло сухан бигӯем, на баъд аз анҷоми ҳодиса. Ҳамин лаҳза бояд ба ҳукумат фишор орем. Аз онҳое, ки барои Фаластин мубориза мекунанд, дастигӣ кунед. Хостори оташбас шавед, қатлҳоро бас кунед”.

Ин консерт фақат чанд рӯз баъд аз он доир шуд, ки чеҳраҳои маъруф дар маросими ҷоизаҳои Еmmy ҳамрайъии худро бо Ғазза нишон доданд. Хавиер Бардем бо пӯшидани куфия дар рӯи фарши сурх ҳозир шуд, то “наслкушӣ дар Ғазза” –ро маҳкум кунад. Ҳанна Эйнбиндер, ки ҷоиза гирифт, дар саҳна хостори Фаластини озод шуд.

То имрӯз садҳо ҳунарманд ба маъракаи “Ҳунармандон барои оташбас” пайвастаанд, ки охири октябри соли 2023 номае ба Конгресси Амрико ва Ҷо Байден фиристода, хостори оташбаси фаврӣ шуда буданд.

Дар маросими “Оскар”-и соли гузашта низ Билли Айлиш ва бародараш Финиас бо нишони сурхи ҳимоят аз Фаластин дар рӯи сурх ҳозир шуда, оташбаси доимӣ, раҳоии гаравгонҳо ва кумакҳои башардӯстонаро талаб карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.