Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Прокуратураи генералӣ: Ҳангоми сафар ба давлатҳои хориҷӣ аз бурдани ҳазориспанд худдорӣ намоед
Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо ирсоли як паёмак ба шаҳрвандон огоҳӣ намуда, гуфтааст, ки ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар аз бурдани растании ҳазориспанд худдорӣ намоянд.
"Шаҳрвандони муҳтарам, ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар аз бурдани растании “ҳазориспанд” худдорӣ намоед.Зеро тибқи қонунгузории баъзе давлатҳо аз қабили Ҷумхурии Беларус ва Федератсияи Россия интиқол ва истифодаи ин растанӣ ҳамчун ҷиноят эътироф карда шудааст", омадааст дар паёми ирсол намудаи ин ниҳод.
Моҳи августи соли 2025 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар зани тоҷик, ки бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ “Ҳазориспанд”-ро ба Федератсияи Россия бо худ доштанд, дар фурудгоҳҳои Федератсияи Россия дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, хабар дода буд.
Нисбати яке аз онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 228 кисми 2 (оиди ба даст овардан, нигоҳдорӣ, интикол, истеҳсол, коркард бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё ҳамтоёни онҳо ба андозаи ҳаҷмаш калон) ва 229 иловаи 1 кисми 3 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (оид оа ҳаракати ғаӣриконунӣ тавассути сарҳади гумрукии Давлатии Федератсияи Россия гузаронидани растаниҳои дорои маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо ба андозаи калон ) огоз карда шудааст. Пас аз ба итмом расонидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва охирон бо ҳукми суди Федератсияи Россия ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст.
Гардиши ғаӣриконунӣ ва истифодаи ин растанӣ дар қаламрави Федератсияи Россия, аз ҷумла воридот барои максадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, кирдори шахсони гунаҳгор бо моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия бандубаст карда мешаванд. Раводиди моддаи мазкур ҷазоро дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ва барои шаҳрвандони хориҷӣ бошад, ҷазои ихроҷ (депортатсия) аз каламрави Федератсияи Россия пешбинӣ кардааст.
Дар баробари ин, барои аз 10 адад зиёд бо худ доштани растании “Ҳазориспанд” ҷавобгарии ҷиноятӣ дар шакли ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ ё ин ки ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ (то ҳадди ба муҳлати якумра маҳруми аз озодӣ) пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”