27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
17.09.2025 18:24

Дар Минск масъалаи омодагиҳо ба нишасти навбатии сарони ИДМ баргузор шуд

Дар шаҳри Мински Белорусия 16-уми сентябри соли ҷорӣ нишасти навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои ширкаткунандаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Дар ин нишаст масъалаи омодагӣ ба мулоқоти навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Минск баргузор мегардад, баррасӣ гардид.

Зикр шуд, ки ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа 14 масъала ва 25 санад ворид шудааст. Аз ҷумла, ҷонибҳо тарҳи Стратегияи рушди илмӣ-технологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026-2035-ро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, санадҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳоҷагии ҷангал ва саноати чӯб, кишоварзӣ, рақамисозии долонҳои асосии нақлиёти мултимодалӣ, рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ пешниҳод гардидааст.

Ба рӯзнома, ҳамчунин, лоиҳаи консепсияи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон ва нақшаи татбиқи он, нақшаи амалҳои вобаста ба марҳилаи дуюми стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030 ворид шудааст.

Дар баробари ин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади осоишта, баргузории соли ҳифзи тандурустӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026, ҳамкориҳои инноватсионӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони доимӣ ҳамчунин, ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаҳои Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ карданд, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе доир хоҳанд шуд.

Дар нишасти вазирони корҳои хориҷӣ 9 масъала ва ба рӯзномаи ҷаласаи сарони кишварҳо 17 масъала ( 17 санад) ворид гардидааст.

Қарор аст дар нишасти пешбинишуда табодули назар оид ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирад. Ҳамчунин, фаъолияти комиссияи ҳуқуқи инсон дар бахши густариши ҳамкории ҳуқуқӣ баррасӣ мешавад.

Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви ИДМ бахшида ба 40-солагии фоҷеаи Чернобил, 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва қонунгузорӣ изҳорот  хоҳанд дод.

Дар меҳвари гуфтугӯи сарони кишварҳои узи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин, масъалаи ҳамкории ҳарбӣ, таъмини амнияти энергетикии минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ қарор хоҳад гирифт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.