Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон аз ҳифзи муҳити зист ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим сухан гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо роҳбарон ва кормадони соҳа мулақот намуданд.
Сарвари кишвар дар ҷараёни суханронӣ кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи бинои муосир ва замонавии Кумита табрик намуда, таъкид карданд, ки дар солҳои охир бо ҳимояти Ҳукумати кишвар аксари сохторҳои Кумита дар кишвар бо биноҳои нав таъмин шуданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ аст.
Зикр шуд, ки бар асоси нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳо бо арзиши 49 миллион сомонӣ бунёд шуда, ба истифода дода шуд.
Президенти кишвар таъкид карданд, ки барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе ду бинои 11 –ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ сохта ва ба истифода дода шуд.
Таъкид шуд, ки роҳбарият ва дигар кормандони соҳа бо истифода аз шароит ва имкониятҳои муҳайёшуда бо дарки баланди масъулият вазифаҳои хидматии худро иҷро намоянд.
“Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд”.- навишт дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таъкид шуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи давлатӣ, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи кодекси экологии Ҷуҳмурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чорандешӣ кунанд.
Дар ҷараёни суханронӣ президенти кишвар ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии паёмадҳои он ишора намуда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд.
Сарвари кишвар вазъи фаъолияти шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистонро таҳлил карда, тавсеаи онҳову дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва истифода аз таҷҳизоти навро хеле муҳим донистанд.
“Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор арзёбӣ шуд”- иттилоъ дод дафтари матбуоти Президенд.
Барои таъмин кардани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки “Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ” ва “Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030”-ро таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
“Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии Ромит ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд”- иттилоъ дод дафтари матбуоти Президенд.
Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шуд, ки тибқи маълумоти Китоби сурх дар самти барқарор кардан ва афзоиш додани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираҳои олами наботот фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”