Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Шветсария мехоҳад ташаббусҳои навро дар Тоҷикистон амалӣ кунад
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Дениз Люти мулоқот намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ду ҷониб дар ин мулоқот, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе доир гашт, масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши идоракунии захираҳои обии кишварро баррасӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои ҷорӣ ва имкониятҳои ташаббусҳои нави муштарак табодули афкор карда, ба таҳкими иқтидори энергетикии кишвар ва таъмини устувори обрасонӣ таъкид намуданд.
Дениз Люти омодагии Швейтсарияро барои идомаи ҳимояти лоиҳаҳои амалишаванда ва рушди барномаҳои нави ҳамкорӣ таъкид намуд. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти чунин ташаббусҳоро дар баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои обӣ ва таҳкими амнияти энергетикии кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои рушди устувор ирода намуда, ба аҳамияти стратегии шарикии дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”