27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
16.09.2025 10:36

Амрико мехоҳад нуфузи Чин ба захираҳои маъданӣ дар Осиёи Марказиро маҳдуд кунад

Амрико мехоҳад барои кам кардани нуфузи Чин бар захираҳои маъданӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкориҳояшро бо ин минтақа густариш диҳад. Ин дар ҳолест, ки Пекин бо стратегияҳои самаранок, наздикшавии географӣ, сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ дар пайи ҳифзи нуфузи худ аст.

Рӯзномаи “South China Morning Post” дар матлаби таҳлилие ба шарҳи ин мавзуъ пардохта, навишт, ки ин иқдом ба хотири маҳдуд намудани нуфузи Чин ба захираҳое сурат мегирад, ки барои соҳаҳои мухталифи саноат аҳамияти бузург дорад. Ин рӯзнома менависад, ки бо вуҷуди ин Вашингтон дар ин замина аз Пекин қафо мондааст, зеро Пекин солҳо боз стратегияи муассиреро барои табдил шудан ба бозигари асосӣ дар самти захираҳои маъдании муҳим дар минтақа роҳандозӣ намудааст.

Ин рӯзнома таъкид мекунад, ки наздикии географӣ ва роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ бартарии Чин аст, ки Амрико аз он маҳрум мебошад: “Каридори миёна”, ки Аврупоро бо Чин ба воситаи Осиёи Марказӣ мепайвандад, баъди оғози ҷанги Украина рушди назаррас ёфт. Сармоягузории Чин дар сохтмони бандар дар соҳили Баҳри Сиёҳи Гурҷистон низ аз кишварҳои аврупоӣ пеш гузаштааст.

Ба ҷуз ин, Чин бартариҳои зиёди дигар низ дорад. Бо назардошти ин ки истихроҷи захираҳои маъданӣ ниёз ба энергетикаи бузург дорад ва инфрасохтори лозим дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз пурра нест, Амрико наметавонад зуд истихроҷро дар минтақа густариш диҳад.

“Баръакс Чин фаъолона барои такмили шабакаҳои энергетикӣ дар саросари Осиёи Марказӣ талош мекунад. Илова бар ин, нуфузи Чин дар бахши коркарди захираҳои ҳаётан муҳим низ хеле баланд аст, ки барои занҷираи таъминот аҳамияти бештар аз худи истихроҷро дорад”- менависад рӯзнома.

Бар асоси таҳлили муаллифи ин рӯзнома барои Пекин сармоягузорӣ дар бахши захираҳои маъданӣ як қисми сиёсатест, ки ба муқобили Ғарб нигаронида шуда, ҳадафи он коҳиши вобастагӣ ба тиҷорати баҳрӣ мебошад. Мушкилоти амниятӣ, ки аз даргириҳои низомӣ дар Ховари Миёна ва мушкилоти вобаста ба ҷанги Украина сарчашма мегирад, роҳҳои заминиро ба воситаи Осиёи Марказӣ ба як пули географии ҷолиб табдил додааст.

“Аз сӯи дигар, афзоиши рақобат миёни Амрико ва Чин боис мешавад, ки Пекин роҳҳои нави тиҷоратиро ҷустуҷӯ кунад, ки нуфузи Вашингтон дар онҳо камтар эҳсос шавад. Масъалаи “Малака” – осебпазирии стратегии Чин ба хотири вобастагии шадид ба тангаи Малака, ки уқёнуси Ҳиндро ба баҳри ҷанубии Чин мепайвандад, ҳамоно чолилиши бузург барои сиёсатгузорони чинӣ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Чин ба Осиёи Марказӣ бештар мешавад”- навиштааст ин рӯзнома.

Ба навиштаи ин рӯзнома фақат ҳузури эҳтимолии Амрико нест, ки Чинро ба ин иқдом водор мекунад. Иттиҳоди Аврупо низ дар шароити рақобати фазоянда бо Чин дар бозори мошинҳои барқӣ фаъолона дар ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави захираҳои муҳим аст, то вобастагии худро ба Пекин камтар кунад. Осиёи Марказӣ ба як нуқтаи марказии мавриди таваҷҷуҳи Брюссел ва пойтахтҳои аврупоӣ табдил ёфтааст.

Нишасти имсолаи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марзӣ далели рӯшани таваҷҷуҳи рӯзафзуни Аврупо ба захираҳои ҳаётан муҳим дар минтақа ба шумор меравад. Дар ҷараёни ин нишаст Қосим – Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон гуфт, ки кишвараш 19 навъи захираҳои маъданӣ аз 34 маводи аввалияи лозим барои Иттиҳоди Аврупоро истеҳсол мекунад. Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон низ ваъда дод, ки ҳамкории кишвараш бо ин блокро дар рушди захираҳои маъдани ҳаётан муҳим тақвият хоҳад дод.

Тибқи арзёбии муаллифони мақола иртиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба густариши имкониятҳои истихроҷи захираҳо заминаи муносиберо барои ҳам Чин ва ҳам Амрико фароҳам мекунад. Роҳбарони минтақа бо дарки фурсатҳо омодаанд бо ҳарду кишвар ҳамкорӣ кунанд, то аз нуфузи бештари онҳо пешгирӣ шавад. Пекин дорои сармоя ва таҷрибаи лозим на фақат дар истихроҷ, балки дар коркард низ мебошад, ки ҳамааш бо омилҳои географӣ ҳимоят меёбад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.