27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:51, Душанбе
13.09.2025 17:11

Хастагӣ ва нотавонии низомиёни Исроил дар ҷанг дар Ғазза

Як низомии Исроил гуфт, ки “сарбозон ноумеду хаста шудаанд ва намедонанд барои чӣ меҷанганд”.

Хабаргузории “Ассошиэйтед пресс” ба нақл аз як низомии режими Исроил хабар дод, ки шумори зиёде аз сарбозони ин режим бо вуҷуди хатари зиндонӣ шудан, аз анҷоми хидмат худдорӣ мекунанд.

Як низомии исроилӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки сарбозон хаста шудаву ноумеданд ва намедонанд, барои чӣ меҷанганд.

Бар асоси ин гузориш, модарони сарбозони Исроил ҳаракати эътирозие барои боз доштани ирсоли писаронашон ба Ғазза роҳандозӣ кардаанд.

Натиҷаи таҳқиқоти дохилии режими Исроил нишон дод, ки фишорҳои равонии шадид ва хастагиҳои пай дар пай дар канори зарбаҳое, ки дар даргириҳои саҳроии Ғазза ба ин неруҳо ворид шудаанд, нақши асосӣ дар танишҳои равонии низомиёни Исроил доранд.

Ин таҳқиқот ҳамчунин, нишон дод, ки ҷанги фарсоянда дар Ғазза ва набудани ҳадафҳои мушаххас барои идомаи он боиси суст гардидани руҳияи низомиёни исроилӣ ва боло рафтани сатҳи худкушӣ дар миёни онҳо шудааст.

Тибқи гузориши расонаҳои режими Исроил, аз оғози ҷанг бар зидди Ғазза аз 7-уми октябри соли 2023 ҳадди аққал 44 низомии ишғолгар бо сабаби бемориҳои равонӣ, ки бар асари ҷанг  ба онҳо ворид шудааст, худкушӣ кардаанд.

Дар Тел-Авив – пойтахти Исроил ва дигар қаламравҳои ишғолшудаи Фаластин дар моҳҳои ахир эътирозҳои бесобиқа бар зидди сиёсати ҳукумати ин режим бо роҳбарии Бенямин Нетаняҳу ва тасмими охири он барои анҷом додани амалиёти низомӣ бо ҳадафи ишғоли Ғазза доир гардид.

Шаҳракнишинони Исроил мегӯянд, ки Бенямин Нетаняҳу ба ҷои расидан ба созиш ба сари оташбас ва боз гардондани асирон ҷангро тӯлонӣ намудааст.

Артиши Исроил баъди ҳодисаи 7-уми октябр, ки гурӯҳи Ҳамос бо як ҳаракат вориди хоки Исроил шуда, даҳҳо нафарро асир гирифта буд, ҷанг дар Навори Ғаззаро оғоз кард. Аз замони оғози ҷанг дар Навори Ғазза садҳо ғайринизомӣ кушта шуда ва бар асари муҳосираи ин минтақа аз ҷониби Исроил аҳолӣ бо қаҳтӣ ва норасоии об рӯ ба рӯ аст.

Домани ҷанги Исроил бо Навори Ғазза фаротар рафт ва артиши ин кишвар ба Лубнон, Сурия, Эрон низ ҳамла кард. Исроил дар ҷанги 12 – рӯза бо Эрон фармондеҳони раддаи болоии Сипоҳи посдорон ва Артиши Эронро террор кард.

Бо вуҷуди ин, Исроил то ҳол натавонистааст, ки асиронашро аз дасти неруҳои Ҳамос озод кунад. Бо вуҷуди бомбаборони шадид ва ҷанги бидуни қоида, ки қурбониёни он асосан ғайринизомиёнанд, Исроил натавонист ба ҳадафҳои низомии худ даст ёбад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.