Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Кишварҳои аъзои ИДМ ташкили фазои ягонаи эпидемиологиро баррасӣ карданд
Мутахассисони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаи ташкили фазои ягонаи иттилоотии эпидемиологиро барои ҳифзи санитарии қаламравҳо баррасӣ карданд.
9-уми сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларусия Шурои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои ҳифзи санитарӣ дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар кори он намояндагони Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуданд.
Бар асоси иттилои расмӣ ширкаткунандагон натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2025 –ро оид ба таъмин кардани амнияти эпидемиологӣ ҷамъбаст намуданд. Дар ҷаласа тадбирҳои зидди вабо ва дигар бемориҳои махсусан хавфнок муҳокима гардиданд.
Таваҷҷуҳи хоса ба татбиқи қоидаҳои байналмилалии тибби санитарӣ, омодасозии мутахассисон, гузаронидани омӯзишҳои муштарак ва экспедитсияҳо, ҳамчунин, тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона шуд. Ин барномаҳо бо дастгирии ҳукумати Русия амал мешаванд.
Ширкаткунандагон тартиби мубодилаи иттилоотро дар ҳолатҳои фавқулодаи санитариву эпидемиологӣ баррасӣ карданд ва роҳҳои таъсиси реестри мутахассисони соҳа барои кор дар шароити буҳронӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз замони таъсиси он, дар маркази илмии “Микроб” беш аз 120 мутахассис омӯзонда шудаанд.
Бо назардошти вазъияти номусоиди ҷаҳонӣ вобаста ба холера коршиносон тавсияҳои методии нав таҳия намудаанд: “Принсипҳои умумии назорати эпидемиологӣ ва пешгирии холера дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”. Ҳуҷҷат маҷмуи тадбирҳо оид ба пешгирӣ, кор дар минтақаи осебдида, таҳлили эпидемиологӣ ва арзёбии самаранокии чораҳои зиддиэпидемӣ, ҳамчунин, намунаи нақшаҳои чорабиниҳои зиддихолера, шиносномаи беморхонаи сироятӣ ва қоидаҳои гирифтани мавод барои таҳқиқоти озмоиширо дар бар мегирад.
Лоиҳаи ҳуҷҷат барои баррасӣ ба Шурои ҳамкории соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҷаласаи он 3-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, фиристода шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”