27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
12.09.2025 12:20

Хатлон: Ифтитоҳи бинои шуъбаи КДАМ ва таъмини манзили зист ба кормандони он дар ноҳияи Балҷувон

Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуда, ҳамзамон кормандони он бо манзили зист  таъмин гардиданд.  

Расман кушодашавии ин иншоот дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Хатлон сурат гирифт. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуд ва туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони мақомоти амният ба шумор меравад. 

Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 9 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки бозгӯй аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони ин ниҳоди қудратӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд. Хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, бо ҳама лавозимоти рӯзгор ҷиҳозонида шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ин ниҳод даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ва имконият ба нафъи миллату давлат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.