Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Олими эронӣ: Пора кардани номаи Пайғамбар тавассути Хусрави Парвиз санади муътабар надорад
Як таърихнигори эронӣ мегӯяд, ки ривояти пора намудани номаи Пайғамбар аз ҷониби Хусрави Парвиз санади муътабар надорад ва онро душманони Эрон ривоят кардаанд.
Саид Тоъуси Масрур, устоди таърихи ислом дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ ба масъалаи пора шудани номаи Пайғамбари ислом аз ҷониби Хусрави Парвиз пардохта, афзуд, ки ин ривоят санади боварибахш надорад ва аз ҷониби арабҳои Ғассонӣ ривоят шудааст, ки бо Эрон душман буданд.
Ӯ мегӯяд, ки шинохти нахустини эрониён аз пайғамбари Ислом ба тадриҷ ва баъд аз ҳиҷрат сурат гирифт. Аввалин шахсе, ки аз миёни эрониён ба ислом гаравид, Салмони Форсӣ буд, ки дар Мадина пайғамбарро мулоқот кард. Ин таърихнигори эронӣ афзуд, вақте пайғамбар ба Шоҳон нома фиристод, номае низ ба Хусрави Парвиз равон кард. Вале ривояти “пора кардани нома” дуруст нест, балки ба эҳтимоли зиёд ӯ мехост номаро таҳқиқ кунад. Бо ин далел, Бозон, ҳокими эронии Яманро маъмур кард, ки масъаларо таҳқиқ кунад.
“Вақте Бозон ба Мадина рафт, Пайғамбар (с) ба ӯ хабар дод, ки шаби гузашта Хусрави Парвиз ба дасти писараш Шируя кушта шудааст. Ин хабар, ки танҳо ба воситаи ваҳй имкон дошт ба Пайғамбар расад, сабаби имкон овардани Бозон ва сипас бисёре аз эрониёни Яман шуд”- зикр мекунад ин таърихнигор.
Ин таърихнигори эронӣ афзуд, пазируфтани ислом дар Эрон, ки аксари мардумаш зардуштӣ буданд, якбора сурат нагирифт, балки раванди тақрибан чаҳорсадсоларо тай намуд.
Ӯ ба нақши Салмони Форсӣ баъди фатҳи Мадоин ва ҳукмронии ӯ дар он ҷо ишора намуда, гуфт, ки эрониён пайғамбарро аз дидгоҳи Алӣ мешинохтанд, зеро адолат ва эҳтироми ӯ ба эрониён сабаб мешуд, то шинохти мусбати бештаре пайдо кунанд.
Ин таърихнигори эронӣ бо ишора ба куҳантарин матнҳои форсӣ, ки ба зиндагиномаи Пайғамбар пардохтаанд, гуфт: “Таърихи Балъамӣ” аз нахустин намунаҳост, ки бахше аз он ба зиндагии Пайғамбар ихтисос дорад. Аммо навиштани мустақили “сират” –и Пайғамбар дар асрҳои VII–VIII-и ҳиҷрӣ пайдо шуд. Аз ҷумла тарҷумаи “Сирати Расулуллоҳ” аз Ибни Исҳоқ, ки дар соли 612-и ҳиҷрӣ ба форсӣ тарҷума шудааст. Қабл аз он низ китобе бо номи “Шарафуннабӣ” аз Абусаиди Хурушӣ бо тарҷумаи Наҷмиддин Ровандӣ (559) вуҷуд дошт”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”