Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Сталин чӣ ғизоҳоро дӯст медошт? Хусусияти ғизоҳои мавриди писанди роҳбари Шӯравӣ
Сталин чӣ ғизоҳоро дӯст медошт? Хусусияти ғизоҳои мавриди писанди роҳбари Шӯравӣ
Китоби “Ғизои диктаторҳо” ба баррасии таомҳои дӯстдоштаи баъзе аз ҳокимони худкома, аз ҷумла Сталин, пардохтааст. Ин асар ошкор месозад, ки роҳбари пешини Шӯравӣ ба ғизоҳои гурҷӣ майли хос дошт. Дар гузориш, ҳамчунин, ба хусусиятҳои ғизоҳои мавриди писанди диктаторҳо, ба мисли чормағз, сир, олӯ ва анор ишора шудааст.
Ба гузориши расонаҳои эронӣ, дар китоби “Ғизои диктаторҳо: роҳнамои бад барои саргарм кардани золимҳо”, ба қалами Виктория Кларк ва Мелисса Скотт ғизоҳои писандидаи баъзе диктаторҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Як нависандаи полшагӣ низ чор сол умри худро сарфи таҳқиқи ҷиддӣ дар хусуси услуби ғизои баъзе сиёсатмадорон намуда, китоберо бо номи “Як диктатор чӣ мехӯрад?” нашр кард.
Сталин чӣ мехӯрад?
Ҷозеф Сталин, ки аз миёнаи солҳои 1920 то соли 1953 роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ба таомҳои гурҷӣ алоқаи хос дошт. Чормағз, сир, олӯ, анор ва нӯшокиҳои спиртӣ бахши муҳимми ошпазии гурҷиро ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ширинии маъруфи гурҷӣ бо номи “гозинакӣ” низ аз ғизоҳои маҳбуби ӯ буд. Ҷолиб он аст, ки яке аз ошпазони шахсии Сталин – Спиридон Путин, бобои Владимир Путин, Президенти ҳозираи Русия будааст.
Гозинакӣ чист?
Гозинакӣ яке аз шириниҳои маъруфи гурҷӣ аст, ки онро аз омехтаи чормағз ё бодом бо асали табиӣ омода мекунанд. Болаззатарин навъи он бо асали кӯҳӣ ва аз гулҳои ваҳшӣ омода мешавад.
Хусусиятҳои чормағз
Чормағз дорои чарбҳои табиӣ, нах, витамин ва моддаҳои минералӣ буда, як сарчашмаи пурқимати ғизоӣ шуморида мешавад. Дар таркиби он антиоксидҳои зиёд, аз ҷумла витанмини Е ва мелатонин мавҷуд мебошанд, ки бо илтиҳоб ва бемориҳои дил, диабети навъи 2, алтсгеймер ва ҳатто баъзе саратонҳо мубориза мебаранд.
Хусусиятҳои сир
Сир бо таркиби антиоксидантии худ метавонад аз бемориҳои мухталиф, аз ҷумла саратонҳо пешгирӣ кунад. Он, ҳамчунин, ба беҳбуди системаи ҳозима, танзими холестерин ва коҳиши хавфи бемориҳои рагҳои хунгард кумак мекунад.
Хусусиятҳои олӯ
Олӯ бо таъсири мулоимкунандаш машҳур аст ва дар паст намудани ҳарорати бадан, таб ва ташнагӣ, ҳамчунин, беҳбуди фаъолияти ҳозима нақш дорад.
Хусусиятҳои анор
Анор дорои хусусиятҳои зидди саратонӣ ва зидди илтиҳобӣ аст. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки ҳам шарбати анор ва ҳам донаҳои он метавонад дар пешгирии саратонҳои мухталиф, аз ҷумла сина, простата ва хун нақши муҳим дошта бошад.
Нӯшокиҳои спиртӣ
Истеъмоли машрубот метавонад боиси танг шудани рагҳои хурди майна, осеби мағз ва мушкилоти хотира гардад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нӯшокиҳои спиртӣ ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонанд ва хавфи бемориҳои маърифатиро бештар мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”