Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
100 мошини боркаш. Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Афғонистон
Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дод, ки дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумак равона гардид.
Манбаъ менависад, ки имрӯз, 8-уми сентябр дар доираи тадбирҳои башардӯстона ва супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон ба роҳ баромад.
Гуфта мешавад, ки беш аз 100 мошини боркаш бо тақрибан 3000 тонна кумаки башардӯстона ба Афғонистон раҳсипор шуданд.
Афзуда мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти ҳолати зарардидагон маводи ғизо, либос, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу болопӯши зимистона, оби нӯшокӣ, ангиштсанг ва дигар ашёи заруриро ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба мардуми зарардидаи Афғонистон ирсол намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”