Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Мансабдори собиқи артиши Исроил: “Пешгӯии Синвор дар ҳоли амалӣ шудан аст”
Аз марги Яҳё Синвор ба дасти режими Исроил бо вуҷуди ин ки муддати зиёде мегузорад, кобуси суханони ӯ домани режими Исроилро раҳо намекунад.
Бино ба иттилои шабакаи телевизонии “Шаҳоб” Исроил Зев, раиси пешини бахши амалиёти Артиши режими Исроил эътроф кардааст, ки пешгӯии Яҳё Синвор дар ҳолӣ амалӣ шудан аст.
“Ҷанги Исроил тадриҷан ба як ҷанги ғайриқонунӣ табдил меёбад. Садо ва симои мо дар назди афкори умумии ҷаҳонӣ дар ҳолӣ фурӯпошӣ аст. Дӯстони байналмилалӣ дастгирии худро кам мекунанд. Синвор тавонист бо муборизаҳои худ роҳи эълони давлати Фаластинро дар Созмони Милал ҳамвор созад”.
Исроил Зев афзуд, ҳарчанд Синвор дигар дар миёни мо нест, ӯ ҳамоно ба ҳайси рамзи як пирӯзии бузург бар зидди режими Исроил боқӣ мондааст.
Аз ҷониби дигар Юав Лимур нависандаи исроилӣ дар рӯзномаи “Исроил Ҳаюм” (Israel Hayom) навишт, ки Яҳё Синвор бузургтарин фоҷеаро барои режими Исроил аз замони таъсиси он ба бор овард. Ба гуфтаи ӯ “Синвор дарси муҳим ба мо дод: аввал қудрати душманро набояд нодида гирифт, дувум, муборизони Ғазза бо вуҷуди сода зистан хеле омӯзишдида ва зирак мебошанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”