Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Донишмандони тоҷик барои санҷиши тухми ҷав аз озмоишгоҳҳои Чин боздид намуданд
Донишмандони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи як лоиҳаи муштараки илмӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳимоят мешавад, доир ба ду навъи тухмии ҷав дар шароити душвор таҳқиқоти илмӣ мегузаронанд.
Дар вақти сафари корӣ пажӯҳишгарони тоҷик аз Донишкадаи савдо ва технологияҳои нави шаҳри Ганҷжоу ва ҳамчунин, Донишкадаи аграрӣ -инженерии вилояти Гансуи Чин боздид намуданд. Олимони тоҷик бо озмоишгоҳҳои муосир, усулҳои таҳлилии намунаҳои наботот ва технологияҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар шароити хушкӣ шинос шуданд.
“Таваҷҷуҳи хоса ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо навъҳои ҷав равона гардид. Мо тухмии ду навъро барои омӯзиш ва мутобиқсозӣ ба шароити Тоҷикистон овардем” – таъкид намуд мудири лабараторияи генетика ва селексияи набототи Институти ботаника, физиология ва генетикаи набототи АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Қурбоналӣ Партоев.
Афзун бар ин, донишмандони тоҷик бо усулҳои парвариши катошка ва зироатҳои лӯбиёгӣ бо истифода аз обёрии қатрагӣ дар заминҳои лалмӣ ошно шуданд. Чунин усулҳо дар минтақаҳои хушки Чин имкони ба даст овардани ҳосили баландро фароҳам меоранд. Масалан, то 45 тонна картошка аз як гектар дар вақти истифодаи гидропоника, аэропоника ва кишт дар хок ба даст овардан мумкин аст.
Дар доираи ин сафар ёддошти тавоҳум дар бораи ҳамкориҳои илмӣ миёни Маркази мусоидат ба рушди илм ва технологияҳои вилояти Гансу ва Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ ба имзо расид. Ин санад ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳқиқоти аграрӣ нигаронида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”