Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ҳиндустон узвияти Озарбойҷон дар Шанхайро вето кард
Ҷумҳурии Ҳиндустон бори дигар узвияти комили Озарбойҷон ба Созмони ҳамкории Шанхайро вето намуд. Бар асоси иттилои расонаҳо, Ҳиндустон ба далели ин ки Озарбойҷон бо Покистон “равобити бародарона” дорад, чунин тасмим гирифтааст.
Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳоло дар Созмони ҳамкории Шанхай мақоми нозирро дорад. Дар нишасти ахири сарони ин созмон Озарбойҷон ариза дар бораи узви комил шудан ба ин созмонро пешниҳод карду буд. Дар ҳамин ҳол, расонаҳо навиштанд, ки Чин аз узвияти комили Озарбойҷон ҳимоят кардааст.
“Яке аз сарчашмаҳо гуфт, ки ин иқдом “самти сиёсати Озарбойҷонро тағйир намедиҳад”, балки бештар ба ҷомеаи байналмилалӣ “маҳдуд ва кӯтаҳандешона” будани сиёсти Ҳиндустонро нишон медиҳад”- навиштааст яке аз расонаҳо.
Сарчашмаҳои хабаргузории AnewZ иттилоъ доданд, ки қарори ахири Покистон дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо Арманистон баъд аз машварат бо Боку гирифта шуда ва ин ҳодиса бояд ҳамчун натиҷаи мустақими музокироти Арманистону Озарбойҷон дар Вашингтон арзёбӣ шавад. Қаблан Исломобод бо Ереван муносибатҳои дипломатӣ надошт ва бо ин роҳ ҳимояти худро ба Боку нишон медод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”