Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон бо Масъуд Пизишкиён дар бораи иқтисоду тиҷорат, фанноварӣ ва кишоварзӣ гуфтугӯ кард
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2025 дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кард.
Дар ибтидо сарони ду кишвар аз афзоиши тамосу мулоқотҳо дар сатҳҳои олӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки робитаҳои ду кишвар дар солҳои охир пайваста рушд меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёти байналмилалӣ, илм ва фанноварӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, гадишгарӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо лағви раводид миёни Тоҷикистон ва Эронро қадами муҳим дар тақвияти равобити дуҷониба арзёбӣ карданд.
Масъуд Пизишкиён бо ишора ба мероси муштараки таърихию фарҳангии ду кишвар гуфт, ки ин ганҷина бояд ба наслҳои навин ёдрас шавад. Ӯ афзуд, ки ҳамкоришҳои Душанбе ва Теҳрон дар ҳамаи соҳаҳо, аз тиҷорату транзит то илму сайёҳӣ, дар ҳоли рушд ва тавсеа мебошанд.
Кишварҳо ҳамчунин, вазъи ноором дар Ховари Миёна ва идомаи ҳамлаҳои низомии режими Исроил бо ҳимояти Амрикоро баррасӣ намуданд. Масъуд Пизишкиён зарурати иқдоми муштараки кишварҳои исломӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои манъи идомаи ҷиноятҳои зидди мардуми Фаластин таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз пуштибонии Эрон дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе изҳор сипос кард. Ӯ, ҳамчунин, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро барои таҳкими амнияту субот муҳим хонд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”