27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
01.09.2025 17:03

Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷин Литсюн дар бораи рушди “энергияи сабз” гуфтугӯ намуд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо Ҷин Литсюн, Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) мулоқот карда, ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари давлат саҳми Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими пайвандҳои иқтисодии кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ карданд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар солҳои ахир Тоҷикистон ба яке аз шарикони фаъоли бонки зикршуда табдил ёфтааст.

Бар асоси иттилоъ, айни ҳол Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) дар чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар ширкат дорад. Аз ҷумла, саҳми назарраси Бонк дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ва пули бузурги мошингарди ноҳияи Нуробод зикр шуд. Қарор аст маблағгузории Бонк ба лоиҳаи Роғун то 500 миллион доллар афзоиш ёбад.

Ҷонибҳо ҳамчунин, имконоти густариши ҳамкориро дар соҳаи “энергетикаи сабз” баррасӣ намуданд. Барномаҳо оид ба сохтмон ва навсозии неругоҳи барқӣ, истифодаи дастгоҳҳои офтобию бодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои ҳифзи муҳити зист дар меҳвари гуфтугӯ қарор доштанд.

Мавзуи дигаре, ки мавриди баррасии ду ҷониб қарор гирифт, дастгирии молиявӣ барои беҳтар кардани идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хатарҳои селу ярч ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи мониторинг буд. Ба рушди ҳамгироии нақлиётӣ, навсозии инфрасохтори каммуналӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид.

Ҳарду ҷониб таъкид карданд, ки рушд ва тавсеаи робитаҳо дар шаклҳои инноватсионии маблағгузорӣ ва усулҳои нави молиявӣ ояндаи рӯшани ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.