27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:07, Душанбе
29.08.2025 15:47

Пизишкиён, Путин ва Ким Чин Ин ба Чин сафар мекунанд

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенди Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чин Ин барои ширкат дар роҳпаймоии низомӣ ба ифтихори рӯзи пирӯзии Чин бар Ҷопон дар Ҷанги ҷаҳонии дувум ба Пекин сафар мекунанд.

Рейтерз бо нашри ин хабар навишт, ки ин аввалин намоиши Путин, Ким Чин Ин ва Си Ҷинпин аст, ки дар замони фишорҳои Ғарб баргузор мешавад.

Дар ин маросим, ки ба муносибати 79-умин солгарди таслими расмии Ҷопон доир мешавад, шуморе аз роҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла Александр Лукашенко, Президенти Беларусия, Прабова Субианто, Президенти Индонезия, Александр Вучич, Президенти Сербия ва президентҳои бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин, намояндагони СММ ширкат мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Чин эълон намуд, ки аз миёни роҳбарони кишварҳои ғарбӣ фақат Роберт Фико, сарвазири Словакия дар ин маросим ҳузур хоҳад дошт.

Русия, ки Чинро шарики стратегии худ медонад, баъди ҳамла ба Украина дар соли 2022 зери таҳримҳои густурдаи Ғарб қарор гирифт. Бо вуҷуди ин иқтисоди кишвар, ба гуфтаи мақомот “зарбаи ҳалоккунанда” нахӯрдааст. Путин, ки суди Гаага бар зидди ӯ қарори боздошт содир намудааст, дар соли 2024 низ ба Чин сафар карда буд.

Маросими имсола яке аз бузургтарин раҳпаймоиҳои низомии Чин дар солҳои ахир ба шумор меравад ва қарор аст техникаҳои пешрафтаи ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, системаҳои дифоӣ ва силоҳҳои нав ба намоиш гузошта шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.