27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
29.08.2025 10:23

Илҳом Алиев ворид шудани Шӯравӣ ба Озарбойҷонро “ишғол”-и Русия номид

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар суҳбати телевизиони “Ал-Арабия” гуфт, ки дар соли 1920 артиши русӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ворид шуда, ин кишварро ишғол намуд.

“Болшевиконе, ки соли 1917 инқилоб карданд, мардумро фиреб доданд. Шиорҳои онҳо ин буд: “фабрикаҳо ба коргарон, замин ба деҳқон, озодӣ ба ҳалқҳо”. Мо давлати худро таъсис дода будем, аммо болшевикон онро аз дастамон гирифтанд”- зикр кард Илҳом Алиев.

Ӯ дар посух ба суоли калидори Зангузӯр ва оғози низоъ бо Арманистон гуфт, ки Боку ҳамеша аз тамомияти арзии кишварҳо ҳимоят мекунад: “Аз рӯзи нахустини ҳамлаи Русия ба Украина мо мавқеи ҷонибдории тамомияти арзии ин кишварро доштем ва ҳоло ҳам дорем”- таъкид кард Илҳом Алиев.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба низои афзоянда бо Русия ишора карда, гуфт, ки Озарбойҷон ҳамеша “қонунӣ ва созанда” амал мекунад, вале “ҳич гоҳ тавоҷуҳ ва беҳурматиро таҳаммул нахоҳад кард”.

Ӯ қазияи бародарон Сафаровҳоро мисол овард, ки дар июни соли 2025 дар Екатеринбург дар вақти амалиёти ниҳодҳои қудратии Русия кушта шуданд.

“Ду нафар шиканҷа ва кушта шуданд. Расман гуфтанд, ки онҳо аз сактаи дил фавтиданд. Вале ҳатто агар ҷиноят ҳам карда бошанд, бо одам чунин рафтор намекунанд. Ин як амали бесобиқа бар зидди мардуми мо буд”- гуфт Илҳом Алиев.

Бар асоси хулосаи мутахассисони озарбойҷонӣ шикасти қабурға, хунрезии зиёд ва лат хӯрдани паҳлуҳои ҷасади онҳо ошкор шудааст.

Ин ҳодиса дар ҷараёни рейди густурдаи мақомоти амниятии Русия нисбати даҳҳо нафар озарбойҷонӣ, ки онҳо дар кушторҳои солҳои 2001 -2011 айбдор мешуданд, рӯй дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.