27 Сентябр 2026,
якшанбе, 18:58, Душанбе
28.08.2025 10:40

Бозгашти Ҳинд ба домани Шарқ. Оё Ҳинд аз Амрико фосила мегирад?

Ҷанги Ҳиндустону Покистон, Эрону Исроил, Исроилу Ҳамос ва Русияву Украина дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ тағйиротҳои ҷиддиро ба вуҷуд овард. Низоми собити байналмилал, ки дар меҳвари Амрико мечархид, ҳоло ба нуқсон гирифтор шудааст ва Амрико ба хотири Украинаву Исроил бо шарикони муҳимаш низ ихтилоф дорад.

Муҳимтарин дигаргунӣ дар таҳаввулоти байналмилалӣ ихтилофоти ҷиддии боҷҳои гумрукии Амрико аст, ки ҳатто шарикони роҳбурдии ин кишварро низ нигарон кардааст. Сиёсати ҳукумати Доналд Трамп дар мавриди боҷҳои гумрукӣ собит нест ва он ҳар лаҳза метавонад тағйир ёбад. Дар миёни ин ҳама мушкилоти дипломатӣ ҷангҳо низ ба мисли гурбаи сиёҳ дар пешорӯи кишварҳо қарор гирифта, муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатии онҳоро ба бунбаст рӯ ба рӯ кардааст.

Ҳиндустон дар замони ҳукумати Нарендра Модӣ аз сиёсати шарқмеҳварӣ ба сиёсати ғарбмеҳварӣ рӯ оварда, ба сӯи Амрико шитофт. Дар ин давра сарвазир Нарендра Модӣ бо Амрико ва Исроил қарордодҳои муҳимми тиҷоратӣ ва роҳбурдӣ, аз ҷумла қарордодҳои низомӣ ба имзо расонд. Ширкатҳои бузурги Амрико ва Ҳинд равобити хуби тиҷоратӣ барқарор карданд. Ҳаҷми тиҷорат дар миёни ду кишвар афзоиш ёфт. Дар замони ҳукумати демократҳо, бо сарварии Барак Обама ва Ҷо Байден Ҳинд ба ҷойи дӯсти деринаи Покистон ба шарики муҳимми тиҷоратӣ ва роҳбурдии Амрико табдил шуд.

Дар пасманзари доду гирифтҳои муҳимми сиёсӣ Исроил низ ба сӯи Ҳинд оғӯш боз намуда, дар заминаҳои иқтисодиву технологӣ ва низомӣ ҳамкориҳояшро густариш дод. Сафарҳои пай дар пайи Нарендра Модӣ ба Тел-Авив ва ҳамчунин, сафарҳои Бенямин Нетаняҳу ба Деҳлӣ паёмовари равобити роҳбурдии ду кишвар буд.

Ҳиндустон, ки аз замони Шӯравӣ бо Шарқ, бахусус меҳвари Русия равобити қавӣ ва пурумқи стратегӣ дошт, ногаҳон ба сӯи Ғарб, бахусус Амрикову кишварҳои аврупоӣ оғӯш кушод. Ин гашти сиёсӣ Ҳиндро аз ширкат дар созмонҳои байналмилаливу сиёсии зери раҳбарии Чину Русия дур сохт.

Роҳбарони Ҳинд бо баҳонаи рақобат бо Покистон бо гумони тақвияти муносибатҳо бо Ғарбу Амрико сиёсати ғарбмеҳвариро пиёда намуданд. Бо вуҷуди ин, мақомоти ҳиндӣ талош мекарданд, ки равобити худ бо кишварҳои шарқӣ, бахусус Русия, кишварҳои Осиёи Марказиро низ ҳифз намоянд. Рӯйкарди сиёсати ғарбмеҳварии Ҳиндустон чандон пояҳои устувор ва роҳбурдӣ надошт. Зеро, Ҳиндустон аз бисёр ҷиҳатҳо ба Шарқ ниёз дорад. Ҳиндустон аз назари инфрасохтори иқтисодӣ комилан вобаста ба кишварҳои шарқӣ аст. Ҳамчунин, ҷойгоҳи географии Ҳиндустон ба унвони кишвари рӯ ба рушд дар қитъаи Осиё омили муҳимми вобастагии ин кишвар ба Шарқ буд.

Дар соли ҷорӣ миёни Ҳинду Покистон ҷанги хунин дар гирифт. Ин ҷанг, ки дар расонаҳо Ҷанги ҳавопаймоҳо дар осмон унвон шуд, сиёсати хориҷии Ҳиндустонро ба мушкилоти бузург мувоҷеҳ кард. Мақомоти ҳиндӣ баъди даргирӣ ва оғози оташбас дар сиёсати хориҷии худ тағйир оварданд. Ҳимояти бархе кишварҳо аз Покистон ва дахолати қатъии Доналд Трамп дар поён додан ба ин ҷанг нигоҳи ҳукумати Нарендра Модиро ба Аврупо ва Амрико тағйир дод.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки боҷҳои гумрукӣ масъалаи асосӣ дар равобити миёни Амрико ва Ҳинд аст. Ба як ҳисоб, ин масъалаи иқтисодӣ дар сард шудани равобити ду кишвар нақши асосӣ дорад, аммо ихтилофоти Амрикову Ҳинд фаротар аз ин мавзуъ аст.

Баъди сафарҳои пай дар пайи Осим Мунир ба Амрико ва тағйир ёфтани сиёсати фишори Амрико нисбат ба Покистон мақомоти Ҳиндустон рӯйкарди сиёсии худро тағйир доданд. Покистон шарики дерина ва ҳамешагии Амрико, ки дар Шарқ “корҳои касиф” –и амрикоиҳоро анҷом медиҳад, дубора ба оғӯши Амрико бозгашт. Ин бозгашт дар чанд моҳи ахир баръало ва рӯшан ба назар мерасад.

Покистон сиёсати иқтисодӣ, низомӣ ва роҳбурдии худ бо Амрикоро таҷдиди назар кардааст. Ҳоло он ихтилофҳои замони роҳбарии Барак Обама ва Ҷо Байден ранг бохтаанд. Доналд Трамп зиракона ба Покистон рӯ овардааст, зеро медонад, ки бо “дӯстон” –и қадимӣ ва озмудашуда “корҳои бузург” –ро бидуни нуқсон метавон анҷом дод.

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон тайи ҳафтаҳои ахир бо лаҳни комилан дигар дар муқобили кишварҳои аврупоӣ ва Амрико вокуниш нишон медиҳад. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ аз ин ки Ҳинд нафти Эрон ва Русияро мехарад, сахт асабониянд. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар посух ба ин вокунишҳои манфӣ гуфт, ки “ба касе писанд аст, нафти Русия” –ро мехирад. Ҳиндустон дар Шарқ яке аз кишварҳоест, ки бо хариди нафти хом ва коркард ва содироти он сӯди зиёд ба даст меоварад. Бар асоси баъзе маълумотҳо бензини Ҳиндустон то ба бозорҳои Аврупо мерасад.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди таҳримҳои шадид натавонистанд иқтисоди Русияро фалаҷ кунанд. Ҳоло бо фишор бар рӯйи шарикони иқтисодии Русия мехоҳанд ин сиёсаташон таъсиргузор воқеъ шавад. Аммо, ба гуфтаи баъзе коршиносон, Русия на Эрон аст ва на Кореяи Шимолӣ, ки битавонӣ иқтисодашро ба бунбаст бикашонӣ.  Иқтисоди ҷаҳон ба ашёи хоми Русия ниёз дорад ва ҳич кишвари дигар наметавонад дар ин замина ҷойгузини Русия шавад.

Мақомоти ҳиндӣ нағз дарк кардаанд, ки бидуни Шарқ, бахусус Русия ва Чин наметавонанд дар сиёсати хориҷӣ ва равобит бо қудратҳои бузурги ҷаҳон тавозунро ба вуҷуд оваранд. Аз ин ҷост, ки сарвазир Нарендра Модӣ баъди 7 соли таваққуф ба кишвари Чин сафар намуда, дар бораи ҳалли низои марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои бо ин кишвар гуфтугӯ кард.

Ҳинду Чин бо вуҷуди ҳамсоя будан, бо ҳам мушкилоти марзӣ доранд. Дар соли 2020 миёни сарбозони Чину Ҳинд задухӯрди низомӣ ба вуҷуд омад ва ин ҳодиса ба рӯйи равобити дуҷониба соя андохт. Аз он сол ба баъд ҳукумати Нарендра Модӣ бо Чин равобиташро коҳиш дод. Ҳоло вазъ тағйир ёфтааст ва Ҳинд мехоҳад тавозунро дар муносибат бо қудратҳои ҷаҳонӣ барқарор кунад.

Ин нукта возеҳ аст, ки Ҳинд бо Русия робитаҳои таърихии низомӣ дорад. Русия дар лаҳзаҳои ҳассос ба Ҳиндустон ҳавопаймоҳои ҷангӣ дод, ки имрӯз ин ҳавопаймоҳо қудрати ҳавоии Ҳиндустонро тақвият мекунанд. Дар ҷанги Покистон эҳсос шуд, ки неруҳои ҳавоии Ҳиндустон дар муқобили Покистон аз коромадӣ бархӯрдор нестанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.