Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев дар бораи наҷоти Арал ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ гуфтугӯ намуд
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон бо Маулен Ашимбаев, раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дидор намуд.
Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни мулоқот бо Маулен Ашимбаев масъалаҳои густариши ҳамкории бисёрсамта, аз ҷумла масъалаҳои муҳимми экология ва робитаҳои фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳарду ҷониб таъкид намуданд, ки таҳкими муколамаи созанда ва амалӣ дар миёни ду кишвар зарур аст. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ҳамкориҳо дар доираи фонди байналмилалии наҷоти Арал аҳамияти стратегӣ доранд.
Маулен Ашимбаев таъкид кард, ки Тоҷикистон яке аз шарикони муҳимми Қазоқистон аст ва кишвараш ҳавасманди густариши робитаҳои дуҷониба бо ин кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, сафарҳои давлатӣ дар солҳои ахир, аз ҷумла боздиди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Қазоқистон дар соли 2023 ва сафари Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои рушди робитаҳои “бародарона” муҳайё кардааст.
Рустами Эмомалӣ низ рушди бомароми ҳамкориҳои байнипарлумониро қаноатбахш арзёбӣ намуда, нақши комиссияҳои доимӣ ва платформаҳои муколамавиро барои пешбурди ташаббусҳои муштарак муҳим донист.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башардӯстона баррасӣ шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”