Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Роғун: пешрафт дар сохтмони иншооти аср ва талошҳо барои истиқлоли энергетикӣ
Рӯзи 26-уми августи соли ҷорӣ Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” сафар карда, аз қисматҳои асосии иншооти аср боздид намуданд. Дар ин сафари корӣ Президенти кишвар аз марҳилаҳои асосии кор, аз нақбҳои обрасону обқабулкунакҳо, сарбанду нақбҳои обпарто ва нақби нақлиётгузар дидан намуда, бо ҷараёни пешрафти корҳо шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз корҳои анҷомёфтаи нақбҳои обрасони агрегатҳои №1 ва №2 шинос шуданд. Ин нақбҳо, ки қутрашон то ба 7 метр мерасад, обро аз обқабулкунаки доимӣ ба чархаҳои неругоҳ мерасонанд. Бар асоси гуфтаи мутахассисон корҳои сементрезӣ ва устуворсозӣ қариб ба анҷом расида, насби лӯлаҳои филизӣ дар қисматҳои поёнии агрегатҳои №3 ва №4 дар ҳоли иҷро шудан аст.
Роҳбари кишвар ҳамчунин, аз сарбанди рӯди Оби шӯр боздид карданд. Ин сарбанд аз соли 2010 барои пешгирӣ кардани сел ва ворид шудани сангу лой ба нақбҳои неругоҳ сохта мешавад. Баландии сарбанд то имрӯз ба 1135 метр расида ва ҳаҷми бетони истифодашуда беш аз 280 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Як бахши муҳимми сафари кории Сарвари кишвар шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта дар нақби сохтмонии қабати чорум буд. Ин нақб, ки дар ҳолатҳои серобӣ оби изофиро ба поён мебарад, 1, 7 километр дарозӣ дорад ва қодир аст, то 3500 метри мукааб обро дар як сония гузаронад. Беш аз 80 фоизи корҳо аз ҳаҷми умумии бетонрезии нақб то ба имрӯз иҷро шудааст.
Дар қисмати нақби нақлиётии Т-9, ки дар баландии 1300 метр ҷойгир аст, корҳои таҳким, насби системаҳои равшандиҳӣ ва ҳавокашӣ бо таҷҳизоти муосир идома доранд. Ба гуфтаи муҳандисон иншоот барои дастрасӣ ва интиқоли таҷҳизоти муҳандисӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад.
Сарвари кишвар аз обқабулкунаки доимӣ, нуқтаҳои асосии воридшавии об ба нақбҳои неругоҳ боздид намуданд. Дар ҷараёни боздид маълум шуд, ки корҳои амудӣ ва сементхобонӣ босуръат идома доранд. Иншоот обро аз сатҳҳои мухталиф ворид мекунад ва барои нигаҳ доштани устувории кӯҳпора нақши муҳим мебозад. Ба иттилои масъулон дар чоҳҳои заҳкаш то 92 фоиз корҳои хокбарорӣ ва то 81 фоиз корҳои анкергузорӣ анҷом ёфтаанд.
Сарвари кишвар дар суҳбат бо масъулон афзуданд, ки ҳар як қитъаи сохтмон бояд бо меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулин ва мутахассисонро водор намуданд, ки сифати корҳои гидротехникӣ, зерсохторҳо ва таҷҳизоти муҳандисро ҳамеша зери назорат нигоҳ доранд.
Тибқи гуфтаи мақомоти давлатӣ садҳо муҳандис ва бинокор дар шабонарӯз дар ин майдони сохтмонӣ фаъолият мекунанд. Неругоҳи Роғун на фақат як лоиҳаи энергетикӣ, балки ҳамчун рамзи ваҳдат, худшиносӣ ва иродаи миллии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон неругоҳи Роғунро калиди расидан ба истиқлоли пурраи энергетикӣ медонад. Ин лоиҳа барои таъмини ниёзҳои дохилӣ ва содироти неруи барқ ба кишварҳои минтақа муҳим шумурда мешавад. Бо анҷом ёфтани пурраи сохтмон интизор меравад, ки Тоҷикистон ба яке аз таъминкунандагони асосии барқи сабз дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
Сарвари кишварро дар ин сафари корӣ Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва дигар роҳбарони ниҳодҳои марбута ҳамроҳӣ мекарданд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ сохтмони иншооти аср бо қадамҳои уствор идома дошта, ҳар як рӯзи кор дар таърихи нави энергетикии кишвар сабт мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”