Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Наздики 200 кас мукофоти давлатӣ гирифтанд: Турахон Аҳмадхонов ва Исфандиёр Ғуломов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
25-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ наздики 200 нафар мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.
Аз ҷумла ҳунармандон Турахон Аҳмадхонов ва Ғуломзода Исфандиёр бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва рӯзноманигори шинохта Латофат Кенҷаева бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Дар маросими мукофотсупорӣ 23 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 1 кас бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 5 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 3 нафар бо ордени Дӯстӣ, 1 кас бо ордени Шараф дараҷаи I, 11 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 107 кас бо медали Хизмати шоиста ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамчунин, 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025 сарфароз гардида, 15 кас соҳиби ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2025 шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”