Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Ширкати Озодбек Назарбеков дар як ролики рекламавӣ баҳсбарангез шуд
Ширкат намудани Озодбек Назарбеков дар як ролики рекламавӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Ӯзбекистон баҳсҳои мухталиферо ба бор овард. Дар пайи зиёд шудани баҳсҳо Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ширкати вазир Озодбек Назарбековро шарҳ дод.
Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон гуфт, ки ин ролик бо ширкати вазир Озодбек Назарбеков дар як муассисаи хусусии таълимӣ сабт шудааст ва он хусусияти рекламавӣ надорад.
Бино ба иттилои ин ниҳод Озодбек Назарбеков рӯзи 17-уми апрел бо донишҷӯёни филиали донишгоҳ ва ҷавонони вилояти Андиҷон мулоқот анҷом дод. Баъди мулоқот бо дархости гурӯҳе аз донишҷӯён, ӯ бо шароити таълимии муассиса ошно гардида, дар як видео ҷавононро барои истифода аз имкониятҳои фароҳамшудаи таҳсил даъват кард.
Ин вазорат таъкид кард, ки бо донишгоҳ ҳиҷ гуна шартномаҳои вобаста ба фаъолияти реклама баста нушадааст ва изҳороти вазир хусусияти иҷтимоӣ дорад. Ба гуфтаи ин вазорат, навори сабтшуда ба қонун “Дар бораи реклама” рабт надорад ва мақсадаш ҳавсманд кардани ҷавонон ба таҳсил аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”