Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Рӯзномаи наздик ба ҳукумати Эрон: “Густохии Толибон бояд бас шавад”
Рӯзномаи наздик ба ҳукумати Эрон “Ҷумҳурии Исломӣ” бо нашри матлабе гурӯҳи Толибонро ҳукумати “худхонда” номида, аз сиёсатҳои ҳукумати Эрон нисбат ба ин гурӯҳ шадидан интиқод кард.
Ин рӯзнома навишт, ки рафтори Толибон “ғайритабиӣ ва душманона” буда, онҳо бо бегонагон “ҳампаймон шудаанд,то ба Эрон осеб расонанд”.
Муаллифи ин матлаб хитоб ба ҳукумати Эрон навиштааст, хато аст, ки кишвари Эрон Толибонро шарики сиёсии худ медонад.
“Сиёсати хештандорӣ бояд хотима ёбад ва бо густохии ин гурӯҳ бархӯрд шавад”- пешниҳод кардааст ин рӯзнома.
Рӯзнома дар ин матлаб ба ифтитоҳи садди Пашдан дар вилояти Ҳирот ишора кардааст, ки он аз сӯи Толибон ба баҳрабардорӣ расид. Ин иқдом боиси баста шудани ҷараёни рӯди Ҳарирӯд ва хушк шудани садди Дӯстӣ-сарчашмаи асосии оби нӯшокии шаҳри Машҳад шудааст.
Рӯзнома менависад, ки ҳоло сатҳи оби ин сад ба ҳадди “ҳаҷми мурда” расидааст ва сабаби аслӣ, амри Толибон ба бастани оби Ҳарирӯд дар моҳи Савр дар соли гузашта будааст.
Ин рӯзнома ин амалкарди Толибонро “зарбаи дуюм” ба Эрон хондааст. Зарбаи аввал, ба навиштаи ин рӯзнома худдорӣ аз додани саҳми Эрон аз оби Ҳилманд бар асоси созишномаи имзошуда буда ва зарбаи дуюм бастани Ҳарирӯд ва маҳрум сохтани мардуми Хуросон аз обӣ нӯшокӣ мебошад.
Рӯзнома ҳамчунин, Толибонро муттаҳам кардааст, ки барои фишор овардан ба Эрон аз муҳоҷирони афғон истифода мебаранд ва ин равандро “дар доираи барномаҳои бегонагон” барои фишор овардан ба низоми Ҷумҳурии Исломӣ анҷом медиҳанд.
Ифтитоҳи расмии садди Пашдан чанд рӯз қабл бо ширкати мақомоти аршади Толибон доир гардид. Ба гуфтаи масъулон, ҳадаф аз бунёди он обёрии заминҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли неруи барқ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”