Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд
Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид
Баёнияи муштарак оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото имзо шуд
Аз номи Президенти мамлакат ба 100 ятим ва кӯдак аз оилаҳои ниёзманд туҳфа тақдим гардид
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз токзорҳои ангури Турсунзода боздид намуданд
Рӯзи 16-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе ба шаҳри Турсунзода сафар намуда, аз токзорҳои ангур ва майдонҳои кишоварзии ин минтақа боздид намуданд.
Тибқи иттилои расмӣ, имсол дар шаҳри Турсунзода беш аз 5 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст, ки 4 ҳазор гектараш кишти такрорӣ мебошад. Мақомоти соҳа мегӯянд, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 65 сент мебошад ва дар маҷмуъ беш аз 40 ҳазор тонна шолӣ ҷамъоварӣ хоҳад шуд.
Сарвари кишвар, ҳамчунин, бо фаъолияти хоҷагии “Ангури Сомон” шинос шуданд. Ин хоҷагӣ соҳиби 500 гектар токзори ангур мебошад. Имсол кишоварзон интизоранд, ки беш аз 20 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ кунанд. Ба гуфтаи масъулон, аз ин миқдор 10 ҳазор тонна барои содирот нигаронда шудааст. Дар маҷмуъ, соли гузашта аз шаҳри Турсунзода беш аз 32 ҳазор тонна ангур ба хориҷи кишвар содир шудааст ва имсол ин рақам метавонад ба 40 ҳазор тонна расад.
Дар ҷараёни боздид Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз заминҳои ҷуворимаккаи дон ва хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” низ дидан намуданд. Дар ин хоҷагӣ 105 гектар токзор мавҷуд аст. Кишоварзон интизор доранд, ки беш аз 4 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ кунанд. Барои нигоҳдорӣ низ сардхона бо иқтидори 1200 тонна фаъол мебошад.
Ба гуфтаи масъулони соҳаи кишоварзӣ солҳои ахир токпарварони шаҳри Турсунзода таҷрибаи истеҳсоли мавизро густариш додаанд. Фақат соли гузашта аз ин шаҳр 1500 тонна мавиз ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, афзоиши истеҳсол ва содироти ангур, шолӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба татбиқи барномаҳои рушди боғу токпарварӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбат бо кишоварзон зарурати тақвияти иқтидори содиротӣ, ҳифзи суботи бозор ва ташкили ҳамкории зич бо мақомоти шаҳри Душанбе барои таъмини бозор бо маҳсулоти ватаниро таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”