Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
САММИТ ДАР АЛЯСКА. ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ПУТИН ВА ТРАМП ЧӢ МАЪЛУМ АСТ?
Баъди чанд соат дар Аляска саммити Русияву Амрико оғоз мешавад. Тайёрӣ ба ин чорабинӣ пурра ҷараён дорад ва қисме аз ҳайати русӣ барои ширкат дар саммит ба шаҳри Анкоридж дар Аляска расидаанд. Доналд Трамп пеш аз оғози музокирот гуфт, ки Владимир Путин мехоҳад ба созиши сулҳ бирасад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки нахустин мулоқоти Владимир Путин бо Владимир Зеленский ва роҳбарони Иттиҳоди Аврупоро ташкил кунад.
Барномаи саммит аз чӣ иборат аст?
Саммит бо гуфтугӯи рӯ ба рӯи Владимир Путин ва Доналд Трамп оғоз мешавад, ки дар он ба ҷуз тарҷумонҳо дигар ҳич кас ширкат нахоҳад кард. Тибқи ҷадвали муқарраркардаи ҳукумати Амрико, ки хадамоти матбуоти Кохи Сафед онро нашр кардааст, мулоқоти сарони ду кишвар 15-уми августи соли ҷорӣ соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ дар шаҳри Анкоридж (штати Аляска) дар қароргоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон оғоз мегардад.
Бар асоси иттилои сухангӯи Кохи сафед Кэролайн Ливитт баъд аз гуфтугӯи дуҷониба ҳайатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Русия ҳамроҳ хӯроки нисфирӯзӣ тановул мекунанд. Баъди он нишасти матбуотӣ бо ширкати Владимир Путин ва Доналд Трамп доир мегардад.
Ҳамчунин, гуфтугӯи ҳайатҳои Владимир Путин ва Доналд Трамп тибқи формулаи “5 бар 5” сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ҳайати русӣ аз Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷаи Русия, Юрий Ушаков, ёвари президент, Андрей Белоусов, вазири дифоъ, Антон Силуанов, вазири молия ва Кирилл Дмитриев, роҳбари фонди сармоягузории мустақими Русия иборат хоҳад буд.
Кохи сафед ҳоло расман ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро эълон накардааст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи пажӯҳишгари «Henry Jackson Society» Даррен Спинка, бо назардошти таҷрибаи гузашта ва аҳамияти калидии мулоқот, эҳтимол дорад, ки дар гуфтугӯҳо котиби давлатии ИМА Марко Рубио, Скотт Бессент, вазири молия, Пит Хегсет, вазири дифоъ, Андрю Бэйкер, муовини мушовири амнияти миллӣ, Ҷон Рэтклифф, директори "СРУ" ва дигар мақомоти олирубта ширкат кунанд.
Баъди анҷоми мулоқот соати 17:45 дақиқа ба вақти маҳаллӣ Доналд Трамп Аляскаро тарк карда, ба Вашингтон парвоз хоҳад кард.
Дар бораи қароргоҳи Элмендорф-Ричардсон
Эмендорф Ричардсон як қароргоҳи низомии қушунҳои Амрико аст. Ин қароргоҳ 15 сол қабл, бо ҳамроҳ кардани қароргоҳҳои Эйр Форс ва Форт Ричардсон бунёд шудааст. Ҳоло дар он қисмҳои низомии хушкигард ва ҳавоӣ хизмат мекунанд. Дар қароргоҳ беш аз 5,5 ҳазор низомӣ ва кормандони мулкӣ хизмат мекунанд ва марказҳои омӯзишиву таҳлилӣ фаъол мебошанд. Ҳамчунин, қароргоҳ дорои воҳидҳои муҳандисӣ, логистикӣ ва тиббӣ буда, арзиши умумии инфрасохтор беш аз 13 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Дар соли 1971 дар ин қароргоҳ президенти 37-уми Амрико Ричард Никсон императори Ҷопон Ҳироҳитро ба ҳузур пазируфта буд. Ин мулоқот муҳим буд, зеро барои аввалин бор буд, ки императори ҷопонӣ кишвари худро тарк мекард.
Таърихи мулоқотҳои Путин ва Трамп
Ин аввалин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони Русия ва ИМА, аз июни соли 2021 аст, вақте Путин дар Женева бо президенти он замон Ҷо Байден мулоқот кард. Путин аввалин президенти Русия аст, ки ба Аляска сафар мекунад.
Ҳамчунин, ин нахустин мулоқот пас аз бозгашти Трамп ба Кохи Сафед дар январи соли 2025 аст. Дар даври аввали президентиаш Трамп бо Путин шаш мулоқот дошт, аз ҷумла 1-уми июни 2017 дар саммити 20 дар Гамбурги Олмон, 10-уми ноябри соли 2017 дар саммити АРЕС дар Дананг, Ветнам, 16-уми июли соли 2018 дар Хелсинкӣ, 11-уми ноябри соли 2018 дар Париж, 1-уми декабри соли 2018 дар Буэнос –Айрес, 28-уми июни соли 2019 дар Осака.
Сафари ҳайатҳои ширкаткунанда ба Аляска
Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия, қабл аз мулоқот ба Анкоридж омад. Ҳамчунин, Сергей Лавров ва сафири Русия дар Вашингтон Александ Дарчиев ба Анкоридж расид. Дар он ҷо журналистони Русия ва қисме аз ҳайати русӣ низ ҳузур доранд.
Чӣ мавзуъҳо баррасӣ мешавад?
Мавзуи асосӣ ҳалли буҳрони Украина хоҳад буд. Ҳамчунин, масъалаҳои дигаре, ки ба субот ва амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ рабт доранд, дар ин мулоқот баррасӣ мешаванд.
Президенти Русия Владимир Путин бо ҳайати роҳбарияти олӣ ва намояндагони ҳукумат барои омодагӣ ба мулоқот машварат кардааст. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳайати роҳбарияти олӣ ва намояндагони ҳукумат барои омодагӣ ба мулоқот машварат намудааст. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп имконияти муваффақияти мулоқотро 75% арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки имконияти нокомӣ 25% аст.
Ҳамчунин, дар сурати муваффақияти гуфтугӯ мумкин аст мулоқоти сеҷониба бо ширкати Владимир Зелинский доир гардад.
Вокунишҳои ҷаҳонӣ
Созмони Милали Муттаҳид аз доир шудани мулоқоти Трамп ва Путин истиқбол кардааст ва таъкид намудааст, ки натиҷаҳои гуфтугӯ, махсусан ҳалли буҳрони Украинаро зери назар хоҳад дошт. 13-уми августи соли ҷорӣ Трамп, Зеленский ва роҳбарони аврупоӣ видеоконфронс доир карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки асоси гуфтугӯҳо дар Аляска ба эълони оташбас равона мешавад.
Роҳбарони аврупоӣ таъкид кардаанд, ки Трамп дар музокирот бо Путин масъалаи фавран барқарор шудани оташбасро ба миён гузошта, ба созиш расад. Ҳамчунин, онҳо ҳифзи тамомияти арзии Русияро яке аз пешшартҳои музокирот бо Русия таъриф кардаанд. Дар айни ҳол, Владимир Зеленский гуфтааст, ки ҳукумати Украина ба ҳиҷ ваҷҳ розӣ ба вогузории қисме аз сарзаминҳояш нахоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, Президенти Амрико гуфт, ки ҳарду кишвар барои ҳосил шудани созиш бояд аз баҳри қисме аз сарзаминҳояшон бигзаранд. Русия қотеъона шарт гузоштааст, ки заминҳои ба тасарруфи неруҳои русӣ даромада, ҳамчун марзҳои расмии Русия шинохта шаванд ва онҳоро вогузор нахоҳад кард. Русия мехоҳад Донетск, Херсон, Луганск ва чанд минтақаи дигари Украина, ки ҳоло таҳти назорати неруҳои низомиаш аст, ба Русия вогузор шавад.
Бисёриҳо ба натиҷаҳо умедворанд
Тасмими ҷиддии Трамп барои мулоқот бо Путин роҳбарони бисёре аз кишварҳоро умедвор кардааст, ки шояд ду қудрати ҷаҳонӣ ба ҷанги бепоён ва пурталафоти Украина хотима гузоранд. Талофот ва хисороти ин ҷанг на фақат барои Украина, балки ба кишварҳои аврупоӣ, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ низ расидааст. Таҳримҳои байналмилалии Амрико ва Иттиҳоди Аврупо таъсири манфӣ ба рушди иқтисод дар ҷаҳон гузошта, низоми байналмилалиро дар ҳолати шиканандагӣ қарор додааст.
Бархе таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ҷанги Украина ва Русия як ҷанги фарсоишӣ буда, солҳо идома хоҳад кард ва пирӯз нахоҳад дошт. Бо ин далел, онҳо роҳи поёни ин буҳронро гузашт ва расидан ба созишномаи сулҳ медонанд.
Дар ҳоле, ки Трамп бисёр ба натиҷаҳои мусбати гуфтугӯ қаноатманд аст, аммо ҷониби Русия муҳтоҷона ба ин қазия менигарад ва шартҳои худро барои ҳалли буҳрон гузоштааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”