Ба чанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Дар Хатлон имкони бунёди корхонаҳои саноатӣ бо сармояи Покистон баррасӣ шуд
Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Хатлон бо гурӯҳе аз сармоягузорони покистонӣ мулоқот намуда, имкони сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштаракро баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар дода, афзуд, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи бунёди корхонаҳои саноатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, махсусан дар самти таъсиси корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ҳамчунин, оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба миёни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон табодули афкор сурат гирифт.
Ду ҷониб ҳавасмандии худро ба тақвияти ҳамкории фаъол миёни минтақаҳо дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои муштарак таъкид намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад