27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:32, Душанбе
14.08.2025 09:12

Сулҳи Пашинян ва Алиев чӣ мушкил дорад? Оё Русия нуфузашро аз даст медиҳад?

Чанд рӯз пеш дар Кохи сафед Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон ва Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон дар ҳузури Доналд Трамп, Президенти Амрико созишномаи сулҳро имзо намуданд. Бар асоси он, низои беш аз се даҳаи миёни Озарбойҷон ва Арманистон хотима ёфт.

Ин созишномаи сулҳ бо хашми Эрон рӯ ба рӯ шуд. Мушовири Оятуллоҳ Хоманаӣ, Алиакбари Вилоятӣ ба он вокуниши манфӣ нишон дод ва ҳатто гуфт, ки Эрон иҷоза нахоҳад дод, ки марзҳои геополитикиаш дар Қафқоз тағйир ёбад. Дар айни ҳол, Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бар хилофи мавқеи мушовири  роҳбари Эрон нигарониҳои дар мавриди каридори Зангизурро беасос донист.

Рӯзномаи “Экономист” бо ишора ба нишасти сеҷонибаи Доналд Трамп, Президенти Амрико, Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон ва Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон дар Кохи сафед ва “эълони созишномаи сулҳ”-и миёни роҳбарони Боку ва Ереван барои поён додан ба низои тӯлонии ду кишвар, мегӯяд, ки ин созишнома метавонад мавқеи Русияро дар Қафқози Ҷанубӣ заиф кунад. Дар баробари ин, маҷалла монеа ва мушкилоти иҷрои сулҳ миёни Арманистон ва Озарбойҷонро низ баррасӣ мекунад.

Қафқози Ҷанубӣ - муҳити пур аз низоъ бо дарҳои баста

Қафқози Ҷанубӣ як минтақаи пур аз низоъ ва бо марзҳои баста мебошад. Дар марзҳои он бурҷҳои назоратӣ ва хандақҳо ҷой гирифтаанд. 8-уми август Доналд Трамп бо Никол Пашинян ва Илҳом Алиев мулоқот намуд, то ба низои миёни ду кишвар хотима диҳад. Дар Кохи сафед се роҳбар як “эъломияи сулҳ”, созишномаи тиҷоратӣ ва амниятӣ имзо карданд.

Муҳимтарин нуқта ин буд, ки Арманистон розӣ шуд, як масири нақлиётиро зери мудирияти Амрико дар қаламрави худ таъсис диҳад, ки Озарбойҷонро бо Нахҷавон-қаламрави ҷудо аз он, мепайвандад. Ин роҳ номи “Масири Трамп”-ро хоҳад гирифт. Доналд Трамп гуфт: “Барои ман ифтихори бузург аст”.

Илҳом Алиев ва Никол Пашинян ваъда доданд, ки Доналд Трампро барои ҷоизаи сулҳи Нобед номзад мекунанд. Ин созиш мавқеи Русияро, ки солҳои зиёд дар ин низоъ дохил буд ва ҳамчунин, Эронро заиф хоҳад кард. Он шартномаи сулҳ аст ва роҳро барои ҳадафҳои бузургтар, аз ҷумла поён додан ба яке аз низоъҳои тӯлонитарини ҷаҳон ва ҳамвор намудани замина барои нарм кардани робитаҳои Арманистон бо Туркия, ҳампаймонии Боку боз мекунад. Бо вуҷуди ин, Русия метавонад ҳамоно монеа эҷод кунад.

Таърихи низои Боку ва Ереван 

Арманистон ва Озарбойҷон беш аз 35 сол аст, ки бо ҳам дар низоъ қарор доранд. Дар охирҳои солҳои 1980, дар вақти фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудоиталабони зери ҳимояи Арманистон минтақаи Қарабоғи кӯҳиро ишғол карданд ва баъдан як минтақаи буферӣ сохтанд. Солҳо ин низоъ “музмин” боқӣ монд. Озарбойҷон, ки бо даромади нафту газ сарватманд шуда буд, артиши қавӣ бо дронҳо ва мушакҳои туркӣ ва исроилӣ сохт.

Соли 2020 минтақаҳои гирду атрофи Қарабоғро бозпас гирифт. Соли 2023 бошад худи Қарабоғро низ пас гирифт ва дар натҷи тақрибан 100 ҳазор арманӣ гуреза шуданд. Русия, ки дар солҳои 1990 аз Арманистон ҳимоят мекард, дар ин ҷанг хомӯш монд. Ба андешаи бисёриҳо Русия барои ҷазо додани Пашинян аз Қарабоғ ҳимоят накард.

Ду мушкили асосӣ

Аз аввали соли 2024 ду ҷониб тадриҷан ба сӯи шартномаи сулҳ ҳаракат карданд. Дар гузашта онҳо аз миёнравоне, ба мисли Туркия, Русия ё гурӯҳи Минск истифода мебурданд, вале ахиран мустақим вориди гуфтугӯ шуда, моҳи март ба сари лоиҳаи шартнома ба созиш расиданд.

Бо вуҷуди ин ҳоло ду монеаи асосӣ боқӣ монд:

Исрори Озарбойҷон, ки Арманистон ҳама ишораҳо ба Қарабоғи кӯҳиро аз Конститутсияи худ ҳазф кунад, ки ниёз ба референдум дорад.

Ҳамчунин, Озарбойҷон талаб дорад, ки аз тариқи Арманистон аз Нахҷавон ва Озарбойҷон роҳ боз шавад.

Соли 2020 дар доираи оташбас Илҳом Алиев ва Никол Пашинян розӣ шуданд, ки роҳеро таҳти назорати Русия боз кунанд, аммо баъдан ҳарду аз ин идея даст кашиданд ва дар хусуси алтернативаи он ба созиш нарасиданд.

Роҳи иҷораии амрикоӣ ва хашми Русия

Дар чунин шароит Доналд Трамп пешниҳоди “қисман ҳал”-ро кард. Арманистон замини роҳи Зангизурро барои 99 сол ба Амрико ба иҷора медиҳад ва Амрико онро идора мекунад. Ин кор ба Амрико ҳузури тӯлонӣ дар амнияти минтақа медиҳад ва ин ҳолат Русияро сахт нороҳат кардааст.

Имтиёзҳои Амрико ба Пашинян ва Алиев

Амрико ҳар ду кишварро ҳавасманд кард: роҳбари ширкати давлатии нафти Озарбойҷон бо Алиев ба Вашингтон рафт, то бо “ExxonMobil” созиш кунад.

Арманистон, ки сарчашмаи табииӣ Озарбойҷонро надорад, дар иваз аз Амрико дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва нимноқилҳо кумак мегирад. Доналд Трамп, ҳамчунин, таҳримҳои соли 1992-ро, ки ҳамкории низомӣ бо Озарбойҷонро манъ мекард, лағв кард ва аз “шарикии стратегӣ” бо ин кишвари муттаҳид бо Исроил хабар дод.

Нақши Туркия

Созиши сулҳ метавонад роҳи нарм кардани  ихтилофоти Туркия ва Арманистонро низ боз кунад. Муқаррар буд, ки Туркия робитаҳоро фақат баъди созиши сулҳи Боку ва Ереван барқарор мекунад. Ҳоло ин монеа бартараф шудааст ва эҳтимол дорад Анқара марзи худро бо Арманистон, ки аз соли 1993 баста аст, боз кунад.

Чолишҳо ва хатарҳо

Бо вуҷуди шуру шавқ ва намоиши “услуби Трамп” созиш ҳанӯз имзо нашудааст. Талаби Озарбойҷон барои тағйири Конститутсияи Арманистон амалӣ нашудааст. Дар дохили Арманистон Пашинян ҳамагӣ 13% пуштибонӣ дорад ва миллатгароёни тундрав ӯро ба хиёнат муттаҳам мекунанд. Ин рӯйкард бо Қонуни асосӣ баҳсбарангез аст ва интихоботи соли оянда метавонад ба Русия фурсат диҳад, ки дахолат кунад. Ҳатто моҳи июн ҳукумат эълон кард, ки кӯшиши табаддулоти банақшагирифташударо хунсо кардааст.

Аз ҷониби дигар, худи Озарбойҷон низ метавонад раванди сулҳро вайрон кунад. Алиев борҳо таҳдид кардааст, ки каридорро бо зӯр ишғол мекунад ва шиорҳои “Арманистони Ғарбӣ”-ро таблиғ менамояд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон “заҳри марговар”  барои сулҳ аст.

Хатари дигар аз сӯи Амрико аст ва эҳтимоли аз даст додани таваҷҷуҳи он. Таърих нишон додааст, ки сулҳ дар Қафқози Ҷанубӣ бештар бо миёнҷигарии қудратҳои хориҷӣ ба даст омадааст. Солҳои 2020 ин нақшаро Русия ва Туркия, солҳои 1990 гурӯҳи Минск ва солҳои 1920 болшевикҳо иҷро кардаанд. Ҳоло Трамп мехоҳад Амрикоро ба охирин миёнҷии сулҳ дар “минтақаи душвор” табдил диҳад, вале идомаи ин нақш аз ихтиёри ӯ берун хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.