27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
13.08.2025 16:11

Эътилофи президенти собиқи Арманистон созишномаи Вашингтонро “санади таслим” номид

Эътилофи мухолифони Арманистон дар парлумон бо роҳбарии президенти собиқи ин кишвар Роберт Кочарян имзои санади созишномаи сулҳ бо Озарбойҷон дар Вашингтонро “санади таслимӣ” унвон карда, зикр намуд, ки он барои кишвар таҳдиди вуҷудӣ эҷод мекунад.

Баъди се рӯзи имзои созишнома Эътилофи мухолифон дар парлумони Арманистон бандҳои созишномаро баррасӣ карда, зикр карданд, ки ин созишнома “санади таслим”, “таҳдиди вуҷудии миллӣ” буда, ҳокимияти кишварро дар зери хатар мегузорад ва “поксозии қавмӣ” дар Қарабоғро қонунӣ мекунад.

Гурӯҳи мухолифин таъкид намуданд, ки ин санад ҳич дастоварде барои Арманистон надорад ва дар он нақшаи ба расмият шинохтани марзҳои кишвар ва ҳамчунин, кафолати Амрико вуҷуд надорад. Онҳо ҳушдор доданд, ки ҳукумати Никол Пашинян бо имзои созишнома ба амалкардҳои Озарбойҷон, аз ҷумла хориҷ кардани масъалаи Қарабоғ аз рӯзномаи байналмилалӣ ва ишғол намудани сарзамини Арманистон машруият мебахшад.

Армине Минасян, котиби фраксияи Ҳайастан ба банди созишнома дар мавриди каридори Зангизур ва ибораи “роҳи бемонеа” ишора карда, суол гузошт, ки дар сурати эълони вазъи фавқулода оё марзбонони арман ҳақ доранд, ки ҳаракати мошинҳоро маҳдуд кунанд ё на?

Эдмон Марукян, роҳбари Ҳизби ғайрипарлумонии Арманистони рӯшан имзои созишномаро “шикасти бузурги дипломатӣ” номид. Ӯ гуфт, ҳарчанд ҷонибҳо тамомияти арзии якдигарро эътироф кардаанд, аммо дар созишнома ягон нақшаи расмӣ барои ба расмият шинохтани марзҳои Арманистон аз ҷониби Озарбойҷон ворид нашудааст.

Дар вокуниш ба интиқодҳо Мария Карапетян, намояндаи ҳизби ҳоким мухолифонро ба “дархост кардани чизҳои ғайривоқеӣ” ва “талоши нигоҳ доштани низои абадӣ” муттаҳам намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.