27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
09.08.2025 11:12

Аз тоҷи Бухоро то хоки Кобул: Нигоҳе ба зиндагии охирин фармонравои Аморати Бухоро

105 сол аз фурӯпошии Аморати Бухоро мегузарад: ҳукумати форсизабон дар қалби Осиёи Миёна, ки пас аз суқут ба дасти Артиши сурхи Шӯравӣ охирин фармонравояш - Амир Олимхон ба Кобул паноҳ бурд ва дар табъид даргузашт.

Аз фурӯпошии Аморати Бухоро, ки рӯзгоре бо забони расмии форсӣ бар бахши васеъе аз Осиёи Миёна ҳукм меронд ва дар шаклгирии таърих ва фарҳанги ин минтақа нақши муассир дошт, 105 сол мегузарад. Амир Олимхон охирин фармонравои Аморати Бухоро фақат мақоми олии паноҳанда дар таърихи Афғонистон аст, ки аз замони фурӯпошии Аморат дар соли 1920 ба Кобул паноҳ бурд ва зиндагиашро дар он ҷо гузаронд. Амир Олимхон ҳафтумин ва охирин фармонравои Аморати Бухоро аз хонадони манғит буд, ки пас аз марги падараш Абдулаҳадхон аз соли 1911 то 1920 бар ҷуғрофиёи Аморати Бухоро, ки имрӯз ба кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Тоҷикистон тақсим шудааст, ҳукмронӣ кард. Забони расмӣ ва идории Аморати Бухоро форсӣ буд ва Амир Олимхон низ дар ҷараёни зиндагӣ дар табъид хотироташро дар китобе ба забони форсӣ ва ба унвони “Таърихи ҳузни милали Бухоро” навишт, ки танҳо асари мактуби баҷомонда аз ӯст.

Ҳарчанд Аморати Бухоро дар замони ҳокимияти Музаффаруддинхон дар соли 1868 паймони таҳт-ул-ҳимоягӣ бо Русияи Тазорӣ  имзо кард, вале бо фурӯпошии салтанати тазор дар Русия ва зуҳури болшевикҳо ба раҳбарии Ленин Аморати Бухоро, ки вобаста ба Русияи Тазорӣ ва аз лиҳози низомӣ ва иқтисодӣ заиф буд, ғофилгир шуд. Дар ҳамлаи болшевикҳо ба Аморати Бухоро, ки дар августи соли 1920 рух дод, Амир Олимхон пас аз чаҳор рӯзи муқовимат аз тоҷу тахт даст кашид ва ибтидо ба шаҳри Ғиҷдувон гурехт ва сипас ба хоки Афғонистон паноҳ бурд. Фирори Амир Олимхон ба Афғонистон ба ҳокимияти 165 солаи хонадони манғит, ки аз табори узбек буданд, поён дод. Пас аз фурӯпошии Аморати Бухоро дар октябри соли 1920 ба дасти Артиши сурхи Шӯравӣ ва неруҳои коммунисти маҳаллӣ Ҷумҳурии халқии Бухоро, ҳукумати сотсиалистӣ ва таҳти ҳимояти комили болшевикҳо ҷойгузини он шуд. Ин ҷумҳурӣ, ки дар зоҳир мудаии мардумӣ буданд, дар воқеъ таҳти контроли Шӯравӣ қарор дошт ва бар хилофи Аморати мазҳабии амирони манғит, секулор ва чапгаро буд. Дар ин давра бисёре аз олимон, моликон ва нухбагони суннатӣ ё табъид шуданд ё ба қатл расиданд. Ҳарчанд ҷунбиши муқовимате бо номи босмачиҳо барои мубориза бо ҳукумат шакл гирифт, аммо ин муқовимат ба ҷое нарасид ва саркӯб шуд. Ҷумҳурии халқи Бухоро дар сентябри соли 1924 мунҳал (пароканда) ва қаламрави он миёни ҷумҳуриҳои тозатаъсиси Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон тақсим шуд.

Ба Амир Олимхон дар Кобул чӣ гузашт?

Аз зиндагии шоҳи табъидии Аморати Бухоро дар Кобул аснод ва шавоҳиди зиёде боқӣ намондааст. Китоби хотироти ӯ фақат аснод аст. Замоне, ки Амир Олимхон ба Афғонистон паноҳ бурд, Амонуллоҳхон шоҳи мутараққии Афғонистон як сол пеш аз он ба қудрат расида буд ва кишвараш низ ба тозагӣ аз юғи Британия хориҷ шуда ва истиқлол ёфта буд. Амонуллоҳхон аз Амир Олимхон ва хонаводааш пазироӣ кард, чун пештар падари амир Музаффариддин, Абдурраҳмонхон, падарбузурги Амонуллоҳхонро ба паноҳандагии сиёсӣ дар Аморати Бухоро пазируфта буд.

Амир Олимхон дар китоби “Таърихи ҳузни милали Бухоро” менависад, ки пас аз шикаст аз болшевикҳо аз рӯди Омӯ убур кард ва “ризо ба тақдири Илоҳӣ дода ва дар Дор-ул-салтанаи Кобул иқомат варзидаам”. Ӯ, ҳамчунин, ёдовар шудааст, ки шоҳ Амонуллоҳхон аз ӯ дар мақоми як фармонраво пазироӣ карда ва аз хазонаи давлат моҳонаи 12 ҳазор рупияи кобулӣ барои ҳазинаҳои зиндагияш ихтисос додааст. Амонуллоҳхон, ки дар он замон паймони дӯстӣ бо ҳукумати болшевикҳо имзо карда буд, ба Амир Олимхон иҷозаи фаъолияти сиёсӣ намедод, аммо Олимхон дар хотироташ навиштааст, ки аз Кобул ва ба кумаки афродаш, муқовимати мусаллаҳонаи босмачиҳоро бар зидди болшевикҳо раҳбарӣ мекардааст.

Амонуллоҳхон боғу хонае ба масоҳати 25 ҷариб замин дар 13 километрии ҳавмаи Кобул дар минтақаи қалъаи Футуҳ, дар ихтиёри Амир Олимхон қарор дод ва ӯ бо 18 духтар ва 15 писараш дар он ҷо зиндагӣ мекард. Ин боғ акнун ба вайронае бадал шуда ва миёни сокинони Кобул “Боғи подшоҳи Бухоро” шуҳрат дорад.

Сайид Муҳаммад Олимӣ, наваи 70-солаи Амир Олимхон, ки наздик ба 50 сол аст дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунад, дар гуфтугӯ бо “Индепенденти форсӣ” ҷузъиёте аз зиндагии оила ва набераҳои охирин фармонравои Бухороро бозгӯ кард. Олимӣ гуфт, боғе, ки Амонуллоҳхон ба Амир Олимхон эҳдо карда буд, мутааллиқ ба Иноятуллоҳхон, бародари подшоҳи Афғонистон буд. Вай афзуд, ки падарбузургаш дар Кобул барои барқарории иртибот бо афрод ва вафодоронаш дар Бухоро бо маҳдудияти шадид мувоҷеҳ буд ва Амонуллоҳхон ба дастури ҳукумати Шӯравӣ иҷозаи хуруҷ аз Кобулро ба ӯ намедод. Олимӣ гуфт, Амир Олимхон ду бор ва дар ҷараёни намози ид коғазе ба Амонуллоҳхон дод, ки рӯи он навишта буд: “Агар иҷоза диҳед, моилам ба зиёрати ҳаҷ равам”, аммо Амонуллоҳхон ҳарду бор дар посух навишт: “Агар хости Худо бошад, соли баъд бо ҳам меравем”. Олимӣ афзуд, ки ваъдаи Амонуллоҳхон ҳаргиз таҳаққуқ наёфт, чун худ медонист агар Амир Олимхон аз Кобул хориҷ шавад, мумкин аст Британия барои роҳандозии шӯриш дар Бухоро аз ӯ сӯистифода кунад.

Вай ҳамчунин, афзуд, ки пас аз поёни ҳокимияти Амонуллоҳхон ва ба қудрат расидани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ, аз Амир Олимхон ба хубӣ пазироӣ шуд “чун Калаконӣ эҳтироми зиёде барои Амир Олимхон қоил буд”. Калаконӣ, ки ҳудуди даҳ моҳ дар миёнаи солҳои 1928 ва 1929 бар Афғонистон ҳукмронӣ кард, дар минтақаи Қалъаи Муродбек дар ҳумаи Кобул, 50 ҷариб заминро ба Амир Олимхон эҳдо кард.

Сайид Муҳаммад Олимӣ гуфт, ки дар даврони Нодиршоҳ (1929 то 1933) маҳдудиятҳо бар Амир Олимхон афзоиш ёфт ва бо ба қудрат расидани Зоҳиршоҳ (1933 -1973) Ҳошимхон, аму ва нахуствазири қудратманди ӯ, 50  ҷариб замини эҳдошуда ба Амир Олимхонро мусодира кард, ки акнун дар моликияти вазорати дифои Афғонистон аст.

Амир Олимхон дар соли 1944 ва дар пайи беморӣ дар хонае аз минтақаи Муродхони шаҳри Кобул, ки Муҳаммад Зоҳиршоҳ, подшоҳи вақти Афғонистон ба ӯ эҳдо карда буд, даргузашт. Сайид Муҳаммад Олимӣ мегӯяд, аз хотироти падараш ба ёд дорад, ки дар рӯзи даргузашти Амир Олимхон бо дастури подшоҳи Афғонистон ҳудуди се ҳазор низомӣ дар ҷодаҳои Кобул ба эҳтиром истоданд ва парчами Афғонистон дар ниҳодҳои давлатӣ ба ҳолати нимабарафрошта даромад. Амир Олимхон дар гӯристони Шуҳадои Солеҳин дар Кобул дафн шуд ва ҳоло ҷуз оромгоҳи кӯчаке мироси дигар надорад.

Бо ин ҳол, мероси хонадони манғит ва шахси Амир Олимхон дар шаҳри Бухоро дар Ӯзбекистон ҳамчунон маҳфуз аст ва ин шаҳр бо арги таърихӣ, мадрасаи Амир Олимхон, оромгоҳи шуморе аз шоҳони хонадони манғит маҳалли зиндагии онон ва дигар осори барҷоймонда аз Аморати Бухоро ба яке аз ҷозибаҳои гардишгарии Осиёи Миёна табдил шудааст.

Фарзандон ва наводагони Амир Олимхон

Пас аз даргузашти Амир Олимхон фарзанд ва наводагони ӯ дар Кобул ва Ҳилманд пароканда шуданд. Муҳаммад Зоҳир, подшоҳи вақти Афғонистон дар чаҳорчӯби тарҳи “Ноқилин” ба ҳар як аз хонаводаҳо ва бастагони Амир Олимхон 30 ҷариб замин дар водии Ҳилманд эҳдо кард, то дар он барои худ хона ва зиндагӣ бисозанд. Сайид Муҳаммад Олимӣ, ки ҳудуди ду сол дар Ҳилманд зиндагӣ кардааст, гуфт ба далели набуди имконоти зиндагӣ дар Ҳилманд, хонаводааш пас аз истирдоди замин ба давлат ба Кобул бозгаштанд.

Сайид Муҳаммад Олимӣ гуфт, акнун аз 18 писар ва 15 духтари Амир Олимхон, се духтар ва се писар зиндаанд, ки ҳамагии онон дар хориҷ аз Афғонистон ва аз ҷумла дар Амрико, Олмон ва Голандия зиндагӣ мекунанд.

Шукрия Раъди Олимӣ яке аз духтарони Амир Олимхон аст, ки ӯро нахустин гӯяндаи радио ва телевизион дар Афғонистон мешиносанд. Бештар фарзандон ва наводагони Амир Олимхон дар ҷарёни ҷанги дохилии вайронгари Афғонистон дар даҳаи 90-и мелодӣ аз ин кишвар гурехтанд. Шукрия Раъд Олимӣ, ки муддате дар расонаи Садои Амрико кор мекард, акнун дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Сайид Муҳаммад Олимӣ гуфт,  мумкин аст наводагони Амир Олимхон, ки акнун дар Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Туркия, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ парокандаанд, ба ҳудуди як ҳазор нафар бирасанд, аммо ҳич як аз онон барои зиндагӣ ба сарзамини аҷдодиашон Бухоро нарафтаанд.

Мухтор Вафоӣ

баргардон аз Индепенденти форсӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.