Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Шуҳрати ҷаҳонии хурӯси футболдӯст дар Фаронса. Чӣ гуна Какаоэт қалби миллионҳо нафарро бурд?
Яке аз мактабҳои ибтидоӣ дар маҳаллаи шаҳри Амен дар Фаронса ба таври ғайриинтизор таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ қалб кардааст. Ин шуҳрат на ба хотири натиҷаҳои дарсӣ ё фанҳои иловагии мактаб, балки ба туфайли як хурӯси ғайримуқаррарии ҳавлӣ ба даст омадааст. Ин хурӯс номаш Какаоэт аст.
Ин хурӯс, ки озодона миёни хонандагони мактаби “Нотр-Дам Де Бон Консей” гаштугузор мекунад, ҳоло ба як ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Як видеои сода аз бозии футболи кӯдакон, ки дар он Какаоэт низ ширкат мекунад, миллионҳо бор дар саросари ҷаҳон тамошо шудааст ва садҳо паёми муҳаббатомез аз Ҷопон то Амрикои Ҷанубӣ доир ба он нашр шудааст.
Аз тухм то шуҳрати ҷаҳонӣ
Саргузашти Какаоэт аз моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуд. Замоне, ки дар доираи як лоиҳаи омӯзишӣ дар хусуси ҳайвонот мактаб иқдом ба чӯҷапарварӣ кард. Бо вуҷуди ин, фақат чӯҷае, ки аз тухм зинда берун шуд, ҳамин хурӯс буд.
Эдвич Сюдри, яке аз ду омӯзгори масъули лоиҳа мегӯяд: “Инкубатор вайрон шуд ва фақат Какаоэт зинда монд. Аз ҳамон оғоз бо кӯдакон унс гирифт. Кӯдакон субҳҳо ба ӯ ғизо медоданд ва шомҳо бо ӯ хайрбод мекарданд. Оҳиста-оҳиста ҳавлӣ хонааш шуд”.
Бо калон шудани хурӯс, падару модарони хонандагон бо ихтиёри худ барои ӯ лона сохтанд. Имрӯз ӯ хуб медонад, ки утоқи директори мактаб куҷост, аз назди синфхонаҳо мегузарад ва субҳгоҳон бо нидои худ хонандагонро бедор мекунад.
Таъсири омӯзишӣ ва иҷтимоӣ
Ба ҷуз шуҳрати интернетӣ, ҳузури ин хурӯс таъсири амиқе ба фазои мактаб гузоштааст. Самуэл Одерши, директори мактаб мегӯяд: “Какаоэт боис шуд, ки муҳити мактаб самимитар гардад. Кӯдакон оромтар рафтор кунанд ва эҳтиёт мекунанд, ки ба ӯ осеб нарасонанд. Ҳатто волидайн дар субҳ бо ӯ салом ва аҳволпурсӣ мекунанд. Руҳияи мактаб беҳтар шудааст”.
Дар канори хурӯсхона, ҳоло як мурғи асал, як боғи таълимӣ ва ҳатто чанд чӯҷаи мурғобӣ низ ба муҳити сабзи мактаб афзуда шудаанд. Хонандагон худашон барои мурғобиҳо паноҳгоҳ сохтаанд ва масуъияти нигоҳубинии онҳоро ба дӯш доранд.
Эдвиж Сюдри меафзояд: “Ин лоиҳа барои баъзе кӯдакон, ки одатан камгап мебошанд, имкони беҳтар намудани иртибот ва тавонмандии суханрониро фароҳам меоварад. Ҳайвонот воқеан ба рушди забон ва эҳсоси кӯдакон кумак мекунанд”.
Видеое, ки дар ибтидо фақат барои огоҳ намудани волидайн нашр шуда буд, ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст гашта, машҳур шудааст. Директори мактаб мегӯяд: “Одат доштем, ки видеоҳоямон дар беҳтарин ҳолат 50 бор дида шаванд. Вале ин видео зуд ба ҳазор, даҳ ҳазор ва сипас ба як миллион расид. Ҳоло беш аз 7 миллион бор дида шудааст ва мо аз ҳамаи ҷаҳон паёмҳо мегирем. Какаоэт дар ҳақиқат як ситораи ҷаҳонӣ шудааст”.
Бо анҷоми соли таҳсил, лоиҳаи парвариши ҳайвонот дар мактаб қатъ намешавад ва омӯзгорон дар фикри густариши он мебошанд: шояд бо овардани як ду гурбаи кӯчаки лигар дар соли оянда. Ва чӣ басо гурбаҳои Нотр-Дам Де Бон Консей низ роҳи Какаоэтро идома диҳанд ва интернетро дубора тасхир намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”