Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Трамп бо Путин дар рӯзҳои наздик дидор мекунад
Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия то чанд рӯзи дигар бо Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот хоҳад кард.
Хабаргузории ТАСС рӯзи панҷшаанбе, 7-уми август ба нақл аз Юрий Ушаков, мушовири Кремл хабар дод, ки Владимир Путин ва Доналд Трамп барои багузор намудани мулоқот ба созиш расидаанд.
Ҳамчунин, Юрий Ушаков илова кардааст, ки макони мулоқоти роҳбарони ду кишвар мушаххас нашудааст ва ба зудӣ эълон хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар доданд, Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия гуфтааст, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ метавонад ҷойи муносиб барои мулоқот бошад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Президенти Амрико Доналд Трамп хостори гуфтугӯи мустақим бо Путин шуда буд.
Эҳтимоли мулоқоти ду президент баъди дидори Стив Уиткофф, намояндаи хоси Трамп дар умури Ховари Миёна матраҳ мешавад.
Ҷузъиёти гуфтугӯи Донолд Трамп ва Владимир Путин фош нашудааст. Эҳтимол меравад, ки дар ин дидор ду президент дар бораи ҷанги Украина гуфтугӯ кунанд, зеро Доналд Трамп баъди ба сари қудрат омадан ҳамеша таъкид кардааст, ки ҷанг дар Украинаро хотима медиҳад. Доналд Трамп ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Русия ба Украина Маскав ва шарикони тиҷоратии он таҳрим хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”