27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
08.08.2025 09:39

Миёни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Туркия хатсайрҳои нав боз мешавад

Масъулони авиатсияи Тоҷикистон ва Туркия рӯзи 7-уми август дар ҷараёни мулоқот масъалаи боз кардани хатсайрҳои нав ва афзоиши парвозҳоро баррасӣ карданд.

Тибқи иттилоъ, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Кемал Юсксек, директори генералии маъмурияти авиатсияи граждании Туркия ва намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Turkish Airlines», «AnadoluJet» ва «Pegasus Airlines» мулоқот намуд.

Меҳвари асосии гуфтугӯи ҷонибҳо ифтитоҳи хатсайрҳои нав, аз ҷумла Анқара-Душанбе, Анқара-Хуҷанд ва Анталия Душанбе, ҳамчунин, афзоиши шумораи парвозҳо миёни Истанбул ва шаҳри Душанбе буд.

Ҷониби Туркия омодагии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои амнияти авиатсионӣ, иҷозатномадиҳӣ, рақамикунонии равандҳо ва омӯзиши кадрҳои соҳа, бахусус дар доираи назорати ИКАО дар Тоҷикистон баён кард.

Масъулон гуфтаанд, ки доир шудани чунин мулоқотҳо метавонад ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти соҳаи авиатсияи гражданӣ дар ҳарду кишвар мусоидат намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.