Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Рӯзномаи “Шпигел”: Толибон ба воситаи инфлюенсерҳои ғарбӣ чеҳраи воқеии худро пинҳон мекунанд
Рӯзномаи олмонии “Шпигел” дар яке аз навтарин матлабҳои худ дар бораи ҳузури инфлюенсерҳои аврупоӣ дар Афғонистон иттилоъ дода, онро ҷузъи стротежии ҳадафноки Толибон барои “тоза кардани чеҳраи худ дар назди афкори умумии ҷаҳонӣ” арзёбӣ кардааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки занони инфлюенсери аврупоӣ дар сафари худ ба Афғонистон ҳақ доранд, ки сайругашт кунанд, бирақсанд ва шод бошанд. Ин дар ҳолест, ки занону духтарони афғонистонӣ аз ҳаққи таҳсил ва омӯзиш маҳрум мебошанд.
Бар асоси ин матлаб, баъди бозгашти Толибон ба қудрат дар ҳоле, ки аксари журналистон ва нозирони ҳуқуқи башар аз ворид шудан ба Афғонистон манъ шудаанд, шуморе аз чеҳраҳои шинохтаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли Тикток ва Ютуб бо иҷозаи расмии Толибон ба Афғонистон меоянд. Ин инфлюенсерҳо бо нашри видео ва аксҳо, бо рангу ҷилои бештар, тасвири анъанавӣ, аммо “дӯстона”-еро аз Афғонистони зери ҳокимияти Толибон намоиш медиҳанд.
Рӯзномаи “Шпигел” дар матлаби худ мисолҳое аз фаъолияти инфлюенсерҳо зикр мекунад. Аз ҷумла, духтари олмонӣ бо номи Луиза, ки баъд аз сафари худ ба Афғонистон ва нашри навори рақси ӯ бо мардум ва ҳамнишинӣ бо ҷангҷӯёни Толибон ба якборагӣ машҳур гардид. Муаллифи гузориш таъкид мекунад, ки саҳифаи Тикток-и инфлюенсерҳои ҷавон фақат баъди бозгашт аз Афғонистон боз шуда, садҳо лайк ва даҳҳо бинанда дорад.
Дар баробари ин, видеоҳои дигар низ зикр шудаанд. Масалан, наворе аз як блогери британиягӣ, ки бо шавқу ҳаяҷон аз истиқболи “ду ҷанговари меҳрубони Толибон” дар фурудгоҳи Кобул нақл мекунад ва баъдан бо либоси анъанавӣ дар бозорҳо мегардад. Ё як блогери амрикоӣ, ки дар яке аз гаронбаҳотарин рестаранҳои Кобул хӯрок мехӯрад. Ин дар ҳоле ки аксари мардуми кишвар бо фақру гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд ва фаъолияти созмонҳои байналмилалии кумакрасон ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтааст.
Рӯзномаи “Шпигел” дар бахши дигари гузориш менависад, ки ин тасвирҳо як навъ “туризми фоҷеа” мебошанд, ки чеҳраи воқеии режими Толибонро пинҳон мекунанд. Дар гузориш аз Мино Ҷавод – нависандаи олмонӣ-афғонӣ зикр шудааст, ки ин падидаро ба “руъёҳои мустамликавӣ аз сарзаминҳои аҷибу бокираи Шарқ” монанд кардааст. Ӯ таъкид мекунад, ки инфлюенсерҳо, хоҳ огоҳона ва хоҳ ноогоҳона, тасвире аз Афғонистон пешниҳод менамоянд, ки дар он Толибон на як режими саркӯбгар, балки мизбонони бофарҳангу анъанавӣ ба назар мерасанд.
Гузориш ҳамчунин, вокунишҳои хашмолуди муҳоҷирони афғонро низ бозтоб медиҳад. Шпигел менависад, ки ин видеоҳо миёни афғонҳое, ки аз кишвар фирор кардаанд ё дар ғурбат зиндагӣ мекунанд, вокунишҳои манфӣ ва интиқодиро ба бор овардааст. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ инфлюенсерҳоро ба “ҳамдастӣ дар таблиғоти Толибон” муттаҳам кардаанд.
Як корбар дар шарҳ навишт: “Ту бо Толибон рақс мекунӣ, дар ҳоле ки хоҳарони ман ҳатто ҳаққи вуруд ба донишгоҳҳоро надоранд”.
Муаллифи гузориш дар идома ёдовар мешавад, ки Толибон аз замони бозгашт ба қудрат занонро ба таври систематикӣ аз таҳсилоти олӣ, кор дар идораҳо, ВАО ва бисёре аз фазоҳои ҷамъиятӣ маҳрум кардаанд. Ҳамзамон, расонаҳои дохилӣ зери назорати шадид қарор доранд ва бештари рӯзноманигорон ё кишварро тарк кардаанд ё дар хомӯшии комил фаъолият доранд.
Ин рӯзнома ҳамчунин, ба нақл аз худи инфлюенсерҳо менависад, ки онҳо мақсади сиёсӣ надоранд ва фақат мехоҳанд тасвири дигаргунаеро аз Афғонистон нишон диҳанд. Бо вуҷуди ин, муаллифи гузориш таъкид мекунад, ки ин бетарафии зоҳирӣ дар амал ба манфиати Толибон тамом мешавад, зеро онҳо бо ироаи ҳушмандонаи ривоят мекӯшанд, ки афкори умумии ҷаҳонро нисбат ба шароити зери ҳукмронии худ ором ва бехатар нишон диҳанд.
Гузориш бо ишора ба эътироф ва назарҳои баъзе аз инфлюенсерҳо анҷом меёбад. Аз ҷумла, он ки баъзеи онҳо дар рӯзҳои нахустини сафар ҳамроҳи ҷангҷӯёни Толибон ҳаракат кардаанд ва баъзе аз видеоҳояшон фақат бо назорат ва ҳамоҳангии мустақими Толибон сабт шудааст.
Рӯзномаи “Шпигел” менависад, ки дар набудани расонаҳои мустақил ва рӯзноманигорони касбӣ дар Афғонистон инфлюенсерҳо ба абзори нави Толибон табдил ёфтаанд, ки барои бозсозии чеҳраи худ дар сатҳи ҷаҳонӣ истифода мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”