Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Хадамоти зиддиинҳисорӣ 178 номгӯи хизматрасониҳои пулакиро тасдиқ кардааст
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи нахусти соли 2025 178 рӯйхати нархҳои хизматрасониҳои пулакиеро, ки аз сӯйи муассисаҳо ва созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ пешниҳод гардид, тасдиқ ва баррасӣ намудааст.
Тавре раиси Хадамот қайд кард, аз шумораи умумии рӯйхати тасдиқшуда 27 адад ба хизматрасониҳои тиббии пулакӣ, 59 адад ба хизматрасониҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи касбӣ ва созмонҳои илмӣ, ҳамчунин, 92 адад ба соҳаҳои дигар, аз ҷумла хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва маишӣ вобаста мебошад.
Раиси Хадамот афзуд, ки рӯйхати нархҳои хизматрасониҳои пулакӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ба истиснои муассисаҳои навтаъсис, ихтисосҳои нав ва литсейҳои давлатӣ бар асоси меъёрҳои амалкунанда тасдиқ шуда, набояд ба таври худсарона боло бурда шавад.
Илова бар ин, Хадамоти зиддиинҳосорӣ дар давраи ҳисоботӣ мониторинги ҳаррӯзаи нархҳои 20 намгӯи молҳои иҷтимоии муҳим, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хомро ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ анҷом додааст. Ба гуфтаи роҳбари Хадамот, аксари ин молҳо воридотӣ буда, ин дар навбати худ ба ташаккули нархҳо дар бозори дохилӣ таъсир мерасонад.
Бо ҳадафи пешгирӣ аз болоравии беасоси нархҳо санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавии фаъолияти як қатор субъектҳои хоҷагидор гузаронида шудаанд. Дар натиҷаи чорабиниҳои назоратӣ, қонуншиканиҳои зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ ошкор гардид, ки аз ин маблағ 1,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд.
Тавре раиси Хадамот гуфт, дар нимсолаи аввали соли 2025 Хадамот 29 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз шаҳрвандони хориҷӣ, вобаста ба далелҳои рақобати носолим ва монополияи объектҳои моликияти зеҳниро баррасӣ намуд. Дар натиҷаи баррасии ин муроҷиатҳо чораҳои мувофиқ андешида шуданд: дастур ва қарорҳои дахлдор барои қатъ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо содир гардид.
Дафтари матбуоти Хадамоти зиддинҳисорӣ тасдиқ намуд, ки назорат бар риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мунтазам идома хоҳад ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”