Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
“Гардиан”: Рафторҳои ғайриодии Трамп афзоиш ёфта ва ӯ солимии ақлонӣ надорад
Рӯзномаи “Гардиан” дар як матлаб ба рафторҳои ғайриодӣ ва суханони бемантиқонаи Доналд Трамп, президенти ИМА дар маросимҳои ҷамъиятӣ ишора намуда, навиштааст, ки ӯ ақли солими худро гум кардааст.
Рӯзномаи “Гардиан” бо нашри мақолае афзуд, ки рафторҳои ғайриодии Доналд Трамп дар тӯли як сол афзоиш ёфта ва ҳамин масъала шубҳаву таҳдидҳоро дар хусуси солимии ақлонии ӯ шиддат бахшидааст.
Дар гузориш омадааст, ки президенти 79-солаи Амрико аз як сол қабл, дар маросимҳои ҷамъиятӣ рафторҳои ногаҳонӣ ва ғайриодӣ нишон дода ва маълум шуд, ки ӯ наметавонад ба мавзуи асосӣ фикр кунад ва дучори афкори парешон аст.
Рӯзномаи “Гардиан” афзуд, ки Доналд Трамп наметавонад андеша ва фикри худро комил намуда, баён кунад. Ин дар ҳолест, ки рафторҳои Ҷо Байден, президенти собиқи Амрико ба далели пирӣ ба шиддат мавриди интиқод қарор мегирифт, вале то ҳадди зиёд рафторҳое монанди Трамп, мавриди таваҷҷуҳ қарор намегирад.
Дар идомаи гузориш таъкид шудааст, ки Доналд Трамп дар вақти суҳбат кардан борҳо аз мавзуи асосӣ хориҷ мешавад. Ба ҳайси мисол, дар нишасти вазирон ӯ 15 дақиқа фақат дар бораи ороиши утоқ суҳбат намуд ва дар ҷараёни нишаст бо Урсула фон дер Ляйен, ки дар мавзуи муҳоҷират суҳбат мекард, ба таври ногаҳонӣ гуфт: “Мо наметавонем иҷозаи бунёди турбинҳои бодӣ дар Амрикоро бидиҳем. Ин амал табиати моро нобуд мекунад”. Ӯ ба муддати 2 дақиқа пай дар пай дар хусуси турбинҳои бодӣ суҳбат намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”